Arzon march 2024
Аждаҳо, ҷаноза, дафн, дар хоб чист?
6316

Бобо

Нафаре, ки дар хобаш бобо мешавад, умри дароз мебинад ва шаъну шарафаш меафзояд. Рафту бобо дар хоб фавтад, саъю кӯшиши инсон дар зиндагӣ кам мегардад.

Дарахт
Дарахт дар хоб нишонаи ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозира аст. Дарахти бегонаро хоб дидан аз изтироб ва бадбахтӣ дарак медиҳад. Баъзан дарахт дар хоб хислатҳои инсонро фош месозад. Масалан, агар нафаре хоб бубинад, ки аз дарахте меваи бисёр чидааст, аз нафаре туҳфаву боигарии зиёд мегирад, ки хислаташ амсоли ҳамин дарахт аст. Дарахти сабзу хурам дар хоб рамзи комёбӣ, барор ва шодкомӣ аст, дарахти бе барг рамзи ғаму андуҳ ва беморӣ аст, дарахти меваҳояш овезон рамзи сарсабзӣ. Дарахти бурида таҷассумгари талафоти вазнин ва бадбахтӣ аст.

Кӯдакон, оила
Кӯдакон ва оиларо хоб дидан нишонаи молу мулк ва маблағи пулӣ аст.

Ҷаноза, дафн
Агар нафаре хоб бубинад, ки майитеро ҷаноза мекунад, он нафар ба хотири Оллоҳи бузург бо баъзе нафарон аҳди бародарӣ мебандад. Нафаре, ки дар хоб худро дар тобут ва мардони тобутбарандаро мебинад, ба қудрат мерасад ва нафарони зиёде мутеи ӯ мегарданд. Рафту издиҳоми ҷамъомада барои марги ӯ ашк мерехта бошанд, охири умраш осудаҳолӣ мебинад, агар издиҳом ашк намерехта бошанд, осудагиро намебинад. Дафну ҷаноза маънои бо касе пеш аз сафар хайрухуш карданро дорад. Баъзан дар хобе, ки инсон худро дар тобут мебинад, маънои онро дорад, ки шахси хобдида бо нафаре шинос мешаваду он нафар ба ӯ кӯмаки молиявӣ мерасонад. Агар тобутро касе намебардошта бошад, инсон ба маҳбас меафтад. Хоб дидани тобут дар даруни бозор маънои бо роҳи фиреб пул ба даст овардан аст, ба қабристон бурдани тобут дар зиндагӣ ростқавл буданро маънидод мекунад. Дар хоб бурдани тобут бо майит боигарӣ ва афзудани обрӯву нуфузро пешгӯӣ мекунад.

Ҷин, арвоҳ, азозил
Ҷину арвоҳ дар хоб таҷассумгари афроди ҳиллагаранд. Маънои чунин хоб дар он аст, ки ҷинҳо таҷассумгари ҳиллаву найранг ҳастанд. Рафту нафаре дар хобаш ба ҷин Қуръон омӯзад, сарварӣ ва ҳукмронӣ насибаш мегардад. Дар назди хонаи худ ҷинро хоб дидан, тавбаву қасам ё таҳриру хорӣ аст. Агар ҷин дар даруни хона бошад, ин хоб маънои онро дорад, ки ба хонаатон дузд медарояд ё душманон ба шумо зарару зиён мерасонанд. Дар хоб ба ҷин мубаддал гаштан маънои онро дорад, ки шумо дар зиндагӣ ба доми ҳиллаву найранг, дасисаву фиреб афтидаед. Агар ҷин дар хоб бо ҷодугарӣ машғул бошад, маънои дар канори қувваҳои нопок қарор доштан аст.

Дарозии қад
Нафаре, ки дар хобаш ниҳоят қадбаланд мешавад, донишу сарвати худро зиёд мегардонад. Қади дароз нишонаи дарозумристу қади паст нишонаи кӯтоҳумрӣ. Агар нафари қадбаланде дар хоб қади худро паст бубинад, нишонаи нек надорад, зеро он таҷассумгари камшавии шаъну шараф ё наздикшавии рӯзи марг аст.

Рӯзи равшан
Рӯзи равшанро хоб дидан маънои аз ғаму андуҳ раҳо ёфтан аст. Умуман рӯзи равшан дар хоб таъбирҳои зиёд дорад ва ин вобаста ба он аст, ки ҳавои рӯз чӣ гуна аст: офтобӣ, соф, тира ё абрӣ. Рӯзи равшан дар хоб метавонад ба маънои шиносоӣ бо шахси мусалмон, талоқ, дурӯягӣ, пасту баландшавии нарху наво, наҷот, дарозумрӣ, хушксолӣ бошад.

 


 

Барои зиёд шудани эҳсоси ишқварзӣ витамини В нақши муҳимро мебозад. Ин витамин дар лӯбиёву мошу нахӯду картошка ва дар таркиби моҳӣ зиёданд.

 


 

Кори нек
Агар нафаре дар хобаш кори нек ба анҷом расонад, масалан, аз сари роҳ чизеро, ки ба одамон зарар мерасонад, гирифта, бадахлоқиро пешгирӣ намояд, дар кори савдо даромад ба даст меорад, қарзашро бармегардонад ва ҳамчунин нишонаи бехатарӣ аст.

Борон
Агар борон дар хоб ба касе зарар нарасонад, нишонаи комёбӣ, молу мулк, некӯкории инсон аст. Рафту борон дар хоб зиёновар бошад ё аз осмон санг борида ё хун мечакида бошад, маънои гуноҳ содир кардану аз фармудаҳои Худованд сарпечӣ кардан аст. Борони бошиддат ва давомнок аз зиёд гаштани ҳосил ва пастшавии нарху навои маҳсулоти хӯрока ишора мекунад. Баъзан борон дар хоб ҳушдор аз Худованд аст.

Қарз
Дар хоб аз нафаре қарз гирифтан маънои аз корҳои худ қаноатманд набудан ва ногуворӣ дар кор аст. Ба касе қарз додан аз пешравии кор дарак медиҳад.

Хона, манзил
Хона дар хоб ба маънои занест, ки шавҳари худро паноҳгоҳ медиҳад. Нафаре, ки дар хобаш аз хонаи хурд мебарояд, аз ташвишу изтироб раҳоӣ меёбад. Агар нафаре дар хоб хонаи худро калонтар бубинад, давлату дороии худро афзун мегардонад. Хонаи ношиносро дар ҷои бегона хоб дидан, маънои онро дорад, ки хонаи шахси чунин хобдида дар охират чунин хоҳад буд. Хонаи шинос дар хоб ҳаёти осоишта аст. Нафаре, ки худро дар хонаи ошно хоб мебинад, давлату дороияш ба андозаи ҳамон хона афзун мегардад. Дидани хонаи вайрона, аз нобуд гаштани молу мулки инсон дарак медиҳад, ки бо сабаби амалҳои нодурусти инсон сар мезанад. Андозаи хонаи ошноеро дар хоб аз будаш бештар дидан, маънои афзун гаштани давлат аст. Худро дар хонаи ношинос дидан, хабари хуш шунидану аз беморӣ шифо ёфтан аст. Ба хона даромадану дарро аз паси худ сахт пӯшидан, маънои онро дорад, ки аз содир намудани гуноҳ худдорӣ мекунӣ. Дар хоб хона сохтан нишонаи нек аст. Хонаро шикастан бо бадӣ рӯ ба рӯ шудан ва беинсофӣ аст. Нафаре, ки дар хобаш ба хонаи шиноси худ медарояд, аз сиру асрори ӯ бохабар мегардад.

Роҳ
Дар хоб бо роҳи каҷ, печдарпеч ва ифлос рафтан аз зиндагии нодуруст ва гуноҳҳо ёдрас мекунад. Бо роҳи росту ҳамвор ва фарох рафтан маънои онро дорад, ки инсон ба роҳи ҳақ, некӣ ва хушбахтӣ сафарбар гаштааст.

Аждаҳо
Аждаҳо дар хоб душмани пинҳон ва хатарнокест, ки аз вуҷуд доштанаш дарак надоштед ва аз чанд калла доштани аждаҳо қудрату тавоноии душман вобастагӣ дорад. Дар хоб ба аждаҳо мубаддал гаштан нишонаи дарозумрӣ аст. Барои нафаре, ки сахт бемор аст, дар хоб дидани аждаҳо аз наздик шудани лаҳзаи марг шаҳодат медиҳад.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД