sebiston july new
Азиз ва Раҳима ба Ҳаҷ рафтанд
748

 

Азиз ва Раҳима зану шавҳар, блогерҳои машҳур дар саҳифаи “Инстаграм” ҳастанд.

Онҳо ҳамарӯза дар бораи ҳаёти хушбахтонаи худ ҳамроҳи духтарчаашон ба мардум роликҳои ҷолибу тамошобоб пешниҳод месозанд.

Як рӯз қабл онҳо дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ хабар доданд, ки дар фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба Ҳаҷ рафтаанд. Дар навор дида мешавад, ки дар фурурдгоҳ қарор доранду баъдан дар назди хонаи Худо ҳастанд. Дар зери навор чунин навишта шудааст: “Алҳамдулиллоҳ, орзуи муҳимтарини мо дар зиндагӣ ҷомаи амал пӯшид“.

Ҳамчунин, дар зери навори дуюм чунин қайд кардаанд: «Ана, ман пеши Ту ҳастам, эй Худо! Инак, ман пеши ту ва ту шарике надорӣ! Ба дурустӣ ки ҳамд аз они Ту аст ва раҳмату фармонравоӣ аз они Туст! Ту шарике надорӣ!».

Дар тӯли чанд ҳазор сол ва то ба имрӯз миллионҳо ҳоҷиён ба сӯйи Каъба калимаҳои «Лаббайк»-ро такрор ба такрор ба забон меоранд.

Ҳар яки шуморо бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик мегӯям. Аллоҳ ба ҳар касе, ки хоҳиши зиёрати ин маконҳои муқаддасро дошта бошад, мадад расонад.

Ёдовар мешавем, ки Азиз дар саҳифаи “Инстаграм” зиёда аз 1,6 миллион ва Раҳима 465 ҳазор обуначӣ доранд. Ҳамзамон, онҳо дар маросими ҷойизасупории Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерони Тоҷикистон “Блогери сол” дар номинатсияи “Лайфстайл-блогери сол” эълон гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД