Пиразани нуронӣ куртаи васеъи тоҷикӣ дар тан ва қарси сафед дар сар ҳаросон-ҳаросон ба атроф менигарад. Чашмонаш аз шиддати гиря варам кардаанд. Аз нигоҳаш дард меборад.
Бо азоб пайкари зери бори гарони ғам хамгаштаашро кашолакунон базӯр худро ба хараки сари роҳ мерасонад. Дар як гӯшаи харак амонат нишаста, худ ба худ пичир-пичиркунон ба гапзанӣ медарояд: “Эҳ, солҳои дароз заҳмат кашидем, меҳнат кардем, вале ана оқибаташ чи шуд... Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, бо шавҳарам лой шӯридам, девор кардам, бо сад ранҷу азоб хонаву дар сохтем, боғу роғ бунёд намудем, фарзанд калон кардему орзую ҳавас карда, бо тӯю тамошо хонадор кардем, вале ин мӯйсафеди бевафо маро партофта рафт...”.
Пиразан рӯяшро бо кафи дастонаш дошта, чунон бо алам гиря мекунад, ки дили кас реш-реш мешавад. Ӯ ҳиқ-ҳиқкунон бо садои гиряолуд нақлашро идома медиҳад:
“Орзу доштам, ки наберадор шуда, дар ҳалқаи фарзандонам давлати пирӣ меронам, вале аз бозе, ки мӯйсафед моро тарк кард, дар хонаи худам одами зиёдатӣ шуда мондам. Келинам ҳар рӯз бо ягон баҳона бо писарам ҷангу ҷанҷол мекунад. Маълум, ки будани маро дар хона намехоҳад. Хотири вайрон нашудани оилаи писарам маҷбур шудам ҳавлии бо хуни ҷигар сохтаамро тарк кунам. Боқии умрамро дар хонаи пиронсолон гузаронидан мехоҳам, вале роҳашро намедонам...
Ин пора аз намоишномаи “Деҳотӣ” аст, ки аз тамошояш дили кас ба дард меояд. Нақши модарро Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Марям Турсунова чунон пурдард ва таъсирбахш офаридааст, ки онро бе оби дида тамошо карда намешавад.
Аз суҳбати ҳунарманд
- Дар ин намоишнома нақши модарро чунон таъсирбахш бозидаед, ки дили кас реш-реш мешавад. Ба шумо чи гуна муяссар гашт, ки ин қадар моҳирона ба қавле “ба пӯсти қаҳрамон”-и худ дароед?
- Сабабаш шояд он бошад, ки ин намоишнома ба ҳаёти худи ман бисёр монанд аст. Вақте ин нақшро мебозам, зиндагии худам, ранҷу азобҳои дар ҳаёт кашидаам пеши рӯям меоянд....
- Шуморо аксаран бо чеҳраи хандон мебинем ва ба гӯшаи хаёли кас ҳам намеояд, ки чунин зани зебо метавонад ҳаёти пурдарде дошта бошад...
- Шоираи ширинкалому рангинбаёни тоҷик Гулрухсор дар як шеъраш байти ҷолибе дорад: “Барои гиря кардан хандаро бар ёварӣ хонам”, ман ҳам дарду доғҳоямро дар зери ниқоби ханда пинҳон мекунам...
Вақте ки шавҳарам маро бо 5 фарзанд партофта рафт...
- Аз суханонатон бӯйи дард меояд. Магар дар зиндагӣ хиёнат дидаед?
- Бале ва на як бору ду бор.
- Аз кӣ?
- Аз шахси наздиктарин, аз марди дӯстдоштаам, аз падари фарзандонам.
- Шавҳаратон дар болоятон зани дуюм гирифта, шуморо тарк кард?
- Фақат зани дуюм мегирифт-ку, шояд ин қадар аламовар намебуд, вале зани сеюму чорум ҳам гирифт ва оқибат ана ҳамин занбозиҳояш оилаи моро вайрону фарзандонамро бе падар гардонд.
- Дар болоятон зан гирифтани шавҳаратонро чи хел фаҳмидед?
- Боре ба ноҳияи Варзоб ба сафари ҳунарӣ рафтем. Пас аз барнома марде бо қошу қавоқи гирифта наздам омад. Аввал гумон кардам, ки ягон мухлис аст ва андешаҳояшро дар бораи намоишнома гуфтанист, вале мард номи шавҳарамро гирифта пурсид, ки шумо зани фалонӣ нестед? Вақте тасдиқ кардам, ба сарам дод зада гуфт, ки шӯйи ту духтари маро никоҳ карда гирифтаасту ҳоло духтарам ҳомиладор аст. Ваъда дода буд, ки барои духтарам дар шаҳр хона мехарад, вале то ба ҳол маймунбозӣ карда гаштааст. Рафта ба шӯйи номардат бигӯй, ки омада занашро гирифта барад, набошад рӯзашро сиёҳ мекунам...
Ман бо дард табассум карда, ҷавоб додам: “Шумо медонистед, ки ин мардак зан ва панҷ фарзанд дорад, вале фикри бачаҳои маро накарда, духтаратонро бароварда додед. Акнун худатон медонеду домодатон, хона мехарад ё намехарад, инаш кори ман нест!”.
Хулоса, ҳамин тавр зиндагии мо вайрон шуд ва шавҳарам 5 фарзанди худашро партофта, духтари он мардро, ки аз шавҳари якумаш низ ду кӯдак доштааст, расман ба занӣ гирифт.
- Барои аз даст надодани бахтатон талош накардед?
- Ба умеди он ки шояд ягон рӯз ақлаш ба сараш зада аз роҳи бад бармегардад, ман борҳо хиёнати шавҳарамро бахшидам, вале беҳуда дар урфият “кӯзапуштро фақат хоки гӯр рост мекунад” намегуфтаанд, ин мардак ҳам ҳеҷ ислоҳ нашуд ва оқибат савоб гирифтани шуда, ба зане, ки аз марди дигар ду фарзанд дошт, оиладор шуд. Шавҳарам дар давраи бисёр душвор, дар солҳои ҷанги бародаркушӣ, ки мардум ба як пора нон зор буданд, маро бо 5 фарзанд партофта рафт ва фикр накард, ки ба хотири кӯдакони каси дигар фарзандони худашро ятим намудан гуноҳ аст...
Шабҳо дар театр хоб мерафтам
- Дар як суҳбат гуфта будед, ки шабҳо дар театр хоб мекардед?
- Бале, дар ҳақиқат чунин буд. Шавҳарам чандтарафа ба ман хиёнат кард. Вай аз одамон пули калон қарз гирифта будааст. Пас аз рафтанаш шабе чанд мард ба хонаамон зада даромаданд ва гуфтанд, ки шавҳарат аз мо қарздор асту бар ивази қарз ҳамаи чизу чораи хонаро мебарем. Азбаски 4 духтар доштам, аз тарси он ки мабодо ба духтаронам ягон осеб нарасонанд, чизе нагуфтам. Онҳо ваҳшиёна тамоми чизу чораи хонаро бардошта бурданд, ҳатто як гилемча намонданд, ки кӯдаконам хоб раванд. Ҳолати онвақтаамро фақат худам медонистаму худованд. Дар байни чор девори хона бо 5 фарзанд танҳо монда, сарам ба мисли чархофалак гирд мегашт ва пеши чашмонам сиёҳӣ мезад. Духтари калониамро ба наздам ҷеғ зада гуфтам, ки агар ба ман ягон ҳодиса рӯй диҳад, ваъда деҳ, ки ту додару хоҳараконатро соҳибӣ мекунӣ. Духтарам “очаҷон, ин хел нагӯед” гӯён, маро оғӯш карда, чунон пурдард гиря кард, ки ногуфтанӣ. Ана ҳамин суханони духтарам ва гиряи ӯ маро ба худ овард ва дубора ба по рост шудам...
- Пас аз ҳамон ҳодиса аз тарс дар театр хоб мекардагӣ шудед?
- Ман табиатан бисёр зани нотарс, ба қавли мардум “бо дилу гарда” ҳастам, ҳатто дар давраҳои бениҳоят душворе, ки кӯчаҳои шаҳри Душанбе пур аз нерӯҳои опозитсионию танку БТР ва яроқдорон буданд ва сари ҳар қадам одам мекуштанд, натарсида ҳар рӯз ба театр ба кор мерафтам, то ки ба кӯдаконам як пора нон ёфта диҳам, вале баъди ҳамон ҳодиса аз тарси ҷони худам не, ба хотири амнияти фарзандонам шабҳо дар театр хоб мерафтам. Бархе ба ман дилсӯзӣ мекарданд, вале шахсони низ буданд, ки ба ҳолам механдиданд, мазоқу масхара карда мегуфтанд, ки театр ҷину аҷина дорад...
Модар бояд фидокор бошад
- Вақтҳои охир баъзе занҳои тоҷик аз рӯйи рашк ва моҷарою камбудиҳои зиндагӣ даст ба худкушию фарзандкушӣ мезананд, вале шумо дар давраи бениҳоят душвори ҷанги бародаркушӣ фарзандонатонро ба танҳоӣ, бе падар ба воя расондед. Таъмини 5 фарзанд бароятон душвор набуд?
- Албатта душвор буд, вале модар бояд фидокор бошад, ба хотири фарзандонаш бо тамоми ҷаҳон ҷангида тавонад. Ман дар давраи хеле душвори ҷангу хунрезӣ, ки мардум ба як бурида нон зор буданд, аз шавҳарам ҷудо шудам, вале аз падари бачаҳоям ҳатто алимент талаб накардам. Ба танҳоӣ дар 3-4 чой кор карда, кӯдаконамро мехӯрондам, мепӯшондам ва мехонондам. Дар театр кор мекардам, дар мактаби мусиқӣ дарс медодам, ҳатто фаррошӣ мекардам, то ки фарзандонам пеши касе муҳтоҷ нашаванд, вале боре ҳам фикри ба падарашон ё каси дигар додани кӯдакон ба сарам назадааст. Панҷто не, агар даҳ фарзанд медоштам ҳам, нохуни пойи кӯдаконамро ба кас намедодам, чунки онҳо як пораи ҷисму ҷони ман, маънии зиндагии ман ҳастанд.
- Ба фикри шумо чаро солҳои охир дар кишвари мо ҳодисаҳои худкушию фарзандкушии занон рӯ ба афзоиш ниҳодааст?
- Ростӣ, ман занҳоеро, ки аз рӯйи рашк ё камбудиҳои зиндагӣ қасди ҷони фарзандонашон мекунанд, намефаҳмам, охир як модар чи тавр метавонад барои хиёнати мард, ғурбати хушдоман ё мушкилоти дигари зиндагӣ қасди ҷони ҷигарбандонаш намояд?! Ин аз ғурури аблаҳона, эгоизм ва сангдилию беақлист. Синну соли ман аллакай ба 75 расидааст, вале кӯдаконро чунон дӯст медорам, ки агар тавонам дар ҳамин синну сол боз 10-15 кӯдаки дигарро ба фарзандӣ қабул карда, калон мекунам, вале афсӯс, ки хона надорам (механдад).
Азоби бехонагӣ
- Шумо дар ҳақиқат то ба имрӯз хонаву дар надоред? Пас дар куҷо зиндагӣ мекунед?
- Ростӣ, хона доштем, вале баъди оне, ки шавҳарам маро бо 5 фарзанд партофта рафт ва қарздоронаш тамоми чизу чораи хонаро бурданд, маҷбур шудам, ки хонаамро бо хонаи хурдтар иваз намоям. Баъдтар бачаҳо калон шуданд ва барои онҳоро соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардондан маҷбур шудам, ки он хонаро низ фурӯшам. Ҳамин тавр бе хона шудем.
- Синну соли шумо аллакай ба 75 расидааст. Дар ин синну сол азоби бехонагиро таҳаммул кардан магар душвор нест? Фарзандонатон куҷоянд ва шумо бо кӣ зиндагӣ мекунед?
- Ман 4 духтару як писар дорам. Писарам бо зану фарзандонаш дар Русия зиндагӣ мекунад. Бисёр бачаи меҳрубон аст, ҳар сол зорию тавалло мекунад, ки очаҷон, биёед дар ҳамин ҷо бо мо зиндагӣ кунед, вале ман бе Тоҷикистони азизам, бидуни театр, ки маънии зиндагиам гаштааст, зиста наметавонам. Як духтарам хоначаи дуҳуҷрагӣ дошт, хурдакак, ҳамагӣ 33 квадрат бошад ҳам, ман ҳамроҳи ӯ ва 3 фарзандаш он ҷо зиндагӣ мекардам, вале хонаи онҳоро ҳам чаппа карданд. Дар ҷояш бояд хонаи нав созанд. Ҳоло дар хонаи якҳуҷрагии духтари дигарам зиндагӣ карда истодаам, вале вай ҳам ду фарзанд дорад. Набераҳоям маро сахт дӯст медоранд ва ҳар гоҳ занг зада мегӯянд, ки бибиҷон, мо ба хонаи шумо рафтан мехоҳем, вале бибиашон кулбаяке надорад, ки онҳоро ба меҳмонӣ даъват кунад...
Санги гӯри модарамро оғӯш карда гиристам
- Қабл аз суҳбат бо шумо китобатонро, ки бо қалами худи шумо иншо гаштааст, ба пуррагӣ мутолиа намудам. Дар баробари дар бораи ҳаёти худ нақл кардан дар ин китоб дар бораи таърихи театри тоҷик хеле маълумотҳои ҷолиб додаед...
- Ман дар дилам 3 орзуи бузург доштам. Якум: дар бораи ҳаёти худам ва ранҷу азобҳои дар зиндагӣ кашидаам як китоб навиштан, дуюм дар сари гӯри модарам санг гузоштан ва сеюм соҳиби хона шудан. Шукри худо ду орзуям амалӣ гашта, китобамро нашр кардам ва дар сари гӯри модарҷонам санг гузоштам.
- Магар ҳамин қадар сол дар сари гӯри модаратон санг гузошта нашуда буд?
- Ман дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадаам. Падарам одами босавод буданад. Он кас донишкадаи омӯзгориро хатм намуда, аввал муаллим буданд, баъд раиси ҷамоат шуданд. Аммо модарам хеле барвақт, ҳанӯз замони мактабхонии мо дар синни 50 солагӣ аз дунё гузаштанду доғи сӯзони бемодарӣ як умр дар дилам боқӣ монд...
- Воқеъан дар ин китоб навиштаед, ки шумо дар дасти моиндар калон шудаед...
- Бале, вақти вафоти модарам дигар хоҳарону бародаронам оиладор буданд, вале ман ва додари хурдиам дар дасти моиндар мондем. Падарам баъди вафоти модарам бо як бевазани 8 фарзанд дошта хонадор шуданд ва ӯ ҳамроҳи бачаҳояш ба хонаи мо кӯчида омад. Аз падари ман фарзанддор нашуда бошад ҳам, хонаву дари падарам ба бачаҳои моиндарам монд.
- Ба гӯри модаратон чаро санг нагузошта буданд?
- Апаҳову акаҳоям “санг мондан дар сари гӯр” убол аст гуфта, дар мазори модарам санги ёдгорӣ нагузошта буданд, вале ман пеш аз ба зиёрати хонаи Каъба рафтан дар сари гӯри модарам санги ёдгорӣ гузоштам. Раҳораҳ дар болои мошин он санги сиёҳро ба дилам пахш карда, зор-зор гиря мекардам. Ронанда бо ҳайрат пурсид, ки чаро як санги вазнинро бардошта нишастаам. Дар ҷавоб гуфтам, ки модарам дар вақташ 9 моҳи дароз маро дар шикамашон бардошта гаштаанд, наход, ки ман соате санги мазори модарро бардошта натавонам....
- Шумо худатон аллакай бибӣ шудаед, вале то ҳол дар бораи модаратон мисли кӯдаки хурдсоле, ки хумораш нашикастааст, ҳарф мезанед...
- Медонед, ҳар қадаре, ки синну соли инсон боло равад, ҳамон андоза ба қадри модар бештар мерасидааст. Ман аллакай бибии 15 набера ҳастам, вале баъзан чунон хумори модарҷонам мегирад, ки дар рӯйи ҷойнамоз нишаста, зор-зор гиря мекунам.
- Ба ҷавонҳо чи гуфтанӣ ҳастед?
- Гуфтаниям, ки ба қадри падару модар бирасанд, чунки давлати сари фарзанд ин падару модар аст. Афсӯс, ки танҳо баъди аз даст додани волидонамон ба қадри онҳо мерасем ва ангушти пушаймонӣ мегазем, ки чаро дар вақташ қадри падару модарро надонистем, хизматашонро ба таври бояду шояд ба ҷо наовардем...
То нафаси охирин дар театр мемонам!
- Синну солатон ба 75 расидааст, вале то ҳол шумо дар театр нақшҳои хеле аҷиб мебозед. Насиб бошад, боз чанд соли дигар дар саҳна монданиед?
- Ман 14 январи соли 1951 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, пас аз хатми шуъбаи актёрии факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Шевченко, яъне ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор омадам. Аввалин нақши бозидаам Каҷакхон аз намоишномаи “Интихоби Домод” –и Ҳоҷӣ Содиқ буд. Пас аз ин дар “Исёни арӯсон” нақши келини хурдӣ Ғилдиракро бозидам...
- Мебахшед, ки суханатонро мебурам. Театри Лоҳутӣ дар ҳама давру замонҳо як саҳнаи баланд ва пурҷилои пур аз ситораҳо буд. Барои шумо як ҳунарманди ҷавон бо устодони театр дар як саҳна ҳунарнамоӣ кардан душвор набуд?
- Албатта рақобат дар ин даргоҳи ҳунар, ки ҳама ситораҳои санъати театрии тоҷик ҷамъ омада буданд, хеле шадид буд, вале ман ҳамеша кӯшиш мекардам аз Туҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Мушаррафа Қосимова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Ато Муҳаммадҷонов ва дигар устодон нозукиҳои санъати латифи театрро омӯзам ва ҳунари худро сайқал диҳам.
- Шумо воқеан ҳунарманди хеле хуб ва боистеъдод ҳастед, вале чаро коргардонҳо шуморо дар нақшҳои асосӣ нею дар нақшҳои дуюмдараҷа мегузоштанд?
- Медонед, ман табиатан бисёр инсони хоксор ҳастам ва ҳеҷ гоҳ бо коргардонҳо баҳсу мунозира намуда, талаб накардаам, ки ба ман нақшҳои аввалиндараҷаро диҳанд. Сарфи назар аз он ки эпизод аст ё нақши калонтар, тамоми ҳастиамро ба он бахшида, кӯшиш мекардам, ки дунёи қаҳрамонамро ба тамошобинон кушоям...
- Ҳамин буд, ки ба дили мардум роҳ ёфтед ва заҳматҳоятонро қадр карда, соли 1998 шуморо бо унвони Ҳунарпешаи шоиста ва соли 2011 бо унвони олии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор донистанд...
- Бале, ҳамин тавр аст. Медонед, агар гӯям, ки театрро бо тамоми ҳастиам дӯст медорам, кам аст, ман ҳатто роҳеро, ки ҷониби театри Лоҳутӣ мебарад, бо тамоми вуҷудам дӯст медорам. Пештар ин роҳ аз шафати қасри президент мегузашт ва ҳар гоҳ, ки дар ин роҳ қадам мезадам, беихтиёр фикр мекардам, ки ман бисёр одами хушбахтам, зеро ҳар рӯз аз роҳе, ки сарвари давлатамон мегузаранд, қадам зада ба кор ба театри дӯстдоштаам меравам. Ҳаётамро бидуни театр тасаввур карда наметавонам.
- Солҳои охир бештар дар намоишномаҳои кӯдакона нақш бозида истодаед...?
- Ман кӯдаконро бисёр дӯст медорам ва барои онҳо дар саҳна нақши дояву аҷузаю ҳайвонҳои мӯъҷизавиро бозидан хеле хушам меояд. Агар умр вафо кунад ва роҳбарияти театр мухолифат накунанд, то нафаси охирин дар саҳна монда, хотири мухлисонамро шод кардан мехоҳам.
- Бароятон умри дарози бобаракат ва парвозҳои нав ба нави ҳунариро хоҳонем. Дар кишвари мо мардони бо нангу номус ва дарёдилу саховатманд зиёданд. Умедворем, ки дасти саховат ба сӯйи шумо дароз мекунанд ва соҳиби хона мешаведу суҳбати ояндаамонро дар хонаи худатон анҷом медиҳем.
- Омин! Худо кунад, ки чунин шавад!
Мусоҳиб: Фирӯза САТТОРӢ