arzon replenishment
Ҷазои блогерон баъди 1 соли занозанӣ
694

Як суди Олмон рӯзи 15 декабр нисбат ба чор тоҷикеро, ки барои занозанӣ бо блогер Музаффар Бобораҳматов, ё “Борода ТҶ” айбдор мешуданд, ҳукм баровард.

Суд онҳоро дар авбошӣ ва расондани осеби сабук ба саломатӣ гунаҳкор хонда, ба маблағи беш аз 10 ҳазор евро ҷарима бастааст. Ҳамчунин ду нафар шартан ба як солу ҳашт моҳ ва як солу се моҳи зиндон ва ҳамзамон ба 200 соат кори ҷамъиятӣ маҳкум шудаанд. Яъне, бо ҳукми суд Сулаймон Орзуев ва Шерзод Мамадҷонов, ё Абдураҳмон09 ҷарима шуда, 2 нафари дигар шартман ҳабс шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соле қабл Музаффар, ё «БородаTJ» пас ба Олмон рафтанаш аз Тоҷикистон навореро, ки дар бораи ин кишвар таҳия карда, дар ютюбаш гузошт. Ӯ дар навор гуфтааст, ки Душанбе чунин зебо шудааст, ки нашинохтам.

Пас аз нашри навор Сулаймон Орзуев дар канали ютуби «Shef ТJ» навореро пахш намуда, ӯро маҳкум ва дашном мекунаду аз он сахт дар ғазаб меояд, ки чаро Тоҷикистонро ин қадар таърифу тавсиф намудааст. Блогерон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳсу мунозира афтоданд ва якдигарро ба «разбор» даъват намуданд.

17 феврал Сулаймон бо ҳамроҳи блогер «Абдураҳмон -09», Комрон, Хуршед ва Беҳрӯз бо мақсади «разбор» бо  «Борода ТҶ» ба шаҳри Соест меояд. Соати 1:41-и саҳар дар суроғаи Нидерберҳаймер Страссе, дар филиали кассаи амонатгузории маҳаллӣ  вомехӯранд.

Дар натиҷаи муноқиша байни Музаффар ва дигар блогерон ҷанг бармехезад ва яке аз онҳо ба тарафи Музаффар бо таппонча тир мепаронад ва номбурдаро маҷруҳ менамояд ва аз ҷои ҳодиса фирор менамояд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи полиси криминалии шаҳри Соест Сулаймон Орзуев, Абдураҳмон-09, Комрон, Хуршед ва Беҳрӯз дар автобаза дастгир карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД