sebiston july new
Ҷазои зани шавҳарбезор
3676

Қиссаи ишқи нангине, ки Гулрӯро шармандаю дарбадар кард   
Дар ин дунё намеёбӣ чу ман ёри ҷониро
Ба пирӣ мерасӣ рӯзе, намеёбӣ ҷавониро

Бо чунин мисраҳо мехоҳам саргузашти талхи худро оғоз намоям. Як хатои даврони ҷавонӣ ҳаётамро сӯхту акнун дар айёми пирӣ азият кашида, дар кӯчаю паскӯчаҳо зору ҳайрон гаштаам. Дар оилаи сарватманд ба воя расидаам. Падарам ҳуқуқшиносу модарам муаллима буданд. Азбаски дар оила яккадухтар будам, падару модарам маро эрка мекарданд. Мани эркатулфор на гапи падару модарро гӯш мекардаму на гапи муаллимонро.

Аз кору бори хона саркашӣ намуда, пас аз дарсҳо бо писарбачаҳои ҳамсоя бозӣ мекардам. Рӯзе дар кӯча бо рафиқонам машғули бозӣ будем, ки ногаҳон падарам «Гулрӯ»,-гӯён ҷеғ заданд. «Тинҷӣ аст падарҷон? Барои чӣ имрӯз аз кор барвақт омадед»,- гӯён ба пешвозашон давидам. Торсакие ба рӯям зада падарам маро ба хона дароварданд. Аз дарвоза даромадан замон, падарам аз мӯям дошта маро қариб кашолакунон ба назди модарам бурданду бо ғазаб дод заданд. Соҳиб шав духтаратро! Ин духтар дигар хӯрд нест, ки ҳамроҳи бачаҳо дар кӯча бозӣ кунад. «Ба ӯ кори бори хонаро омӯзон. Аллакай синфи ҳаштум мехонад. Ду-се сол пас ба шавҳар мебарояд…»

Модарам ашки чашмашро пок карда: «Ба ҳамааш ман гунаҳкорам. Гулрӯро яккадухтар гуфта эрка калон кардам. Дилам намешавад, ки кор фармоям»,- гӯён сар ба зер афканданд. Падарам аз ғазаб дандон хоида баромада рафтанд. Баробари аз дарвоза баромадани падар ба сари модари бечораам дод задам: «На мӯҳтоҷи насиҳати шумояму на аз падарам. Чӣ хеле, ки хоҳам, ҳамон хел зиндагӣ мекунам!»

Модарам субҳи барвақт хеста кору бори хонаро ба анҷом мерасонду сонӣ ба мактаб мерафт. Боқимондаи корҳояшро баъди дарсҳояш ба анҷом мерасонд. Ман бошам, парвои дунёро надоштам.

Фикр мекардам, ки ҳеҷ кас дар дунё мисли ман хушбахт нест. Ишқ дар дилам лона гузошта буду бе болу пар парвоз мекардам. Ману Азиз аз хӯрдӣ дар якҷо сабақ мегирифтему фориғ аз дарсҳо сӯҳбат мекардем. Ба дарсҳоям ёрӣ мерасонд. Оҳиста-оҳиста ба ҳам унс гирифтем. Азизро чунон дӯст доштам, ки агар рӯзе ба мактаб намеомад, дунё дар назарам торик менамуд. Бехабар аз он будам, ки падарам маро ба писари як дӯсташ номзад кардаасту ӯро хонадомод мехондааст.

Овозаи ишқи мо дар мактаб паҳн шуд. Рӯзе модарам аз мактаб ин хабарро шунида, бо рангу рӯи парида ба хона омад. Маро наздаш хонда гуфт:

-Духтарам, маро шарманда накун. Падарат туро аллакай ба писари дӯсташ номзад кардааст. Гапи падарат барои ҳама қонун аст!

Дар чеҳраи модарам ғам хона карда буд, вале мани худхоҳ парвои дарду ранҷҳои ӯро надоштам. Худро шоҳу табъамро вазир мепиндоштам.

-Модарҷон, ман Азизро дӯст медорам. Хоҳеду нахоҳед, ба ӯ ба шавҳар мебароям!- қатъӣ посух додам ба модар.

-Якравӣ накун духтарам, ман худи пагоҳ бо Азиз вомехӯраму ба ӯ ҳақиқатро мефаҳмонад. Ӯро огоҳ мекунам, ки аз ту даст кашад,- гӯён модарам ба сӯҳбат нуқта гузоштанд.

-Маро зӯран шавҳар дода наметавонед,-гӯён зери лаб ғур- ғуркунон ба хонаи хобам даромада, ғарқи андешаҳо сар ба болин мондам. Ашк рухсораҳоямро мешуст…

Рӯзи дигар ба синф даромада Азизро маъюс дидам. Пай бурдам, ки модарам ӯро ранҷондааст. Наздик шуда аҳволпурсӣ намудам.

-Гулрӯ, ман монеи бахти ту шудан намехоҳам. Ту номзад доштаӣ. Ба ту хушбахтӣ мехоҳам. Маро бубахш,-гӯён вай аз ман рӯй тофт.

-Азиз, ман ғайр аз ту бо касе хонадор шудан намехоҳам! -гуфта аз банди дасташ доштам.

-Ман бо падари ту баробар шуда наметавонам,- гӯён Азиз дасташро раҳо карда аз дар баромада рафт…

Бо ҳамин риштаи дӯстии ману Азиз канда шуд. Шабу рӯз дар ғами Азиз гиря мекардам, аммо чора надоштам…

Пас аз хатми мактаб падарам бо дӯсташ маслиҳат карда, дар тараддуди тӯй шуданд. Тӯйи бодабдабае барпо намудем. Маҳфили арӯсиам бо хушию хурсандӣ гузашт, вале ман аз ин шод набудам.

Насим ҷавони зебо бошад ҳам, аз рӯзи аввали хонадорӣ ситорааш ба ман писанд наомад. Азизро як лаҳза аз пеши назарам дур карда наметавонистам. Насим бо падарам ба кор мерафту ман бо модарам баҳсу муноқиша оғоз мекардам.

-Духтарам, шукр гӯй, ки дар хонаи модарат ҳастӣ, вагарна бо ин рафторат хушдоманат туро як рӯз ҳам дар ҳавлиаш роҳ намедод. Аз беҳурмативу рафторҳои ношоями ту дар назди домодам шарм медорам. Насим бачаи бад нест, барои чӣ ӯро озор медиҳӣ? Фаромӯш накун, ки шавҳар қиблаи зан аст, мардакатро ҳурмат кун,- насиҳат мекарданд модарам, вале ман гӯши пандшунав надоштам.

-Наход ман омӯзгор бошаму фарзанди ман чунин таълим дошта бошад? Аз дигарон чи гила?! -гӯён модари бечораам мегиристанд.

Рӯзе сабру қарор аз даст дода ба Азиз занг задам.

-Лаббай, кӣ занг мезанад?- пурсид садои ошно аз он сӯи ноқил.

-Азиз, ин манам Гулрӯ,- гӯён аҳволпурсӣ кардам.

-Ту шавҳар дорӣ! Аз ман чӣ мехоҳӣ,- бо тундӣ суханамро бурид Азиз.

-Ман Насимро дӯст намедорам. Бо ту вохӯрдан мехоҳам. Илтимос, не нагӯй!- гӯён зорӣ намудам. Азиз «майлаш фикр мекунам»,- гуфту телефонро хомӯш кард...

(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 21.00 интизор бошед!)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД