sebiston july new
Ҳазрати Муҳаммад (С.С) дар бораи тарёк (калян)чи гуфтааст?
09.05.2023
ОИЛА
689


Қаблан ҷавонон бештар сигор мекашиданд, ҳоло бошад қалюн ва ё тарёк мекашанд. Дини ислом ба ин амал чӣ назар дорад?
Субҳиддин, ш. Душанбе.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аввалан истеъмоли маводди мухаддир, бидуни тардид ҳаром аст; Чароки аз як сӯ ба бадан осебҳои ҷиддӣ ва хонумонсӯз мерасонад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «Худро бо дастонатон ба ҳалокат наяндозед» Ва аз сӯи дигар мисдоқи боризи изоъаи мол шумурда мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «Ва (моли худро) талаф накун; Чароки талаф кунандагони (мол) бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон Парвардигорашро бисёр носипос аст»; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тарёк истеъмол намекард ва назарбанд намеовехт ва аз худ шеър намесуруд».

Ва яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«Аз он ҳазрат дар бораи тарёк пурсидам, пас фармуд: Ҳароина он монанди хамр ва қимор аст ки дар онҳо гуноҳи бузург ва манофеъӣ барои мардум аст ва гуноҳи онҳо аз нафъи онҳо бузургтар аст, пас аз он иҷтиноб кунед, бошад ки растгор шавед!

Гуфтам: Аз фуқаҳо касоне ҳастанд ки онро истеъмол мекунанд! Фармуд: Аз фуқаҳо чӣ мехоҳӣ?! Оё фуқаҳо аз мардум ҳастанд?!».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД