arzon replenishment
Азроил дар ошёнаи 8-уми новостройка
3253


Шавҳар бояд дар зиндагӣ такягоҳ ва пушту паноҳи зан бошад, вале мардони бехирад ва ҷоҳиле ҳастанд, ки ба ҷойи муҳофизат намудан баръакс ҷабру зулмро ба ҳамсарашон раво дида, ҳатто ба занкушӣ даст мезананд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти боз як марди золим, ки ҳамсарашро бераҳмона ба қатл расонидааст, хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи ваҳшатбор рӯзи 4-уми декабр дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе сар зада, байни як марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамсари 22-солааш, кисокини ноҳияи Файзбод будааст, ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Дар рафти ин моҷарои оилавӣ мард зани ҷавонашро ба ошёнаи 8-уми як бинои навсохт бароварда, бо истифодаи банд буғӣ карда куштааст.
Бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти ваҳшатбори содир намудааш марди бераҳм ва ҷаллоб ҷасади зани ғуррамаргашро дар байни тӯдаи қум пинҳон намуда, фирор кардааст.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД