shoh palace
Ба анҷоми мӯҳлат ҳамагӣ 35 рӯзи дигар монд
509


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба миён овардааст, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Дар Тоҷикистон мӯҳлати аз нав бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бори чандум аст, ки дароз карда мешавад. Тибқи муқаррароти ахир муҳлати охирин барои иваз намудани шиносномаҳои кӯҳна бо шиносномаи нави намунаи соли 2014 то санаи 15 феврали соли 2023 муайян гардидааст. Шахсоне, ки то 15 феврали соли 2023 шиносномаи кӯҳнаашонро бо шиносномаи нав иваз карда, симкортҳояшонро дубора ба қайд намегиранд, фаъолияти рақамҳояшон ба таври автоматӣ баста мешавад.

Аз ҳамин хотир Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Онҳое, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд бо шиносномаи намунаи нав дубора аз қайд гузаранд.
Барои ивази шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
-Шиносномаи намунаи соли 1996;
-Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ);
-Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ
-Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот;
-Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ);
-Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм.
Иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд.
“Бино ба иттилои ширкатҳои алоқаи мобилӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 (ID корт) зиёда аз 6,1 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст”-менависад сомонаи Пресса. тч.
Аз касе пӯшида нест, ки имрӯзҳо аксари сокинони кишварамон ҳадди ақал ду симкорд доранд. Ба қайд гирифта шудани 6,1 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз шумораи шахсоне, ки шиносномаи худро иваз накардаанд, хеле зиёд аст, вале тибқи одат ҳама дар ҳафтаву рӯзҳои охир якбора ҳушёр шуда ба такопӯ меафтанд ва ин боиси навбатпоиҳои дурудароз дар идораҳои шиносномавӣ гашта, кори ин ниҳодро душвор мегардонад. Ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳушдор додааст, ки мардум фориғболӣ накарда, сари вақт барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД