Бо мақсади болидахотир намудани беморони наврас бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва дастгирии маънавии онҳо, аз ҷониби маъмурияти Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «ШИФОБАХШ» иқдоми хайрхоҳона баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷараёни чорабинӣ ба беморони наврас, ки дар шуъбаҳои гуногуни муассиса ба табобат фаро гирифта шудаанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, онҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони марказ самимона табрик гуфта шуданд.
Зимни мулоқот инчунин ба падару модар ва волидайни беморон барои сабру таҳаммул ва ҳамкории судманд бо кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипос шудааст. Қайд карда шудааст, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва наврасон, фароҳам овардани фазои мусоиди равонӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба ҳисоб меравад.