toyota motors
Ба чанд донишҷӯи тоҷик хориҷшавӣ аз донишгоҳ таҳдид мекунад
07.05.2026
Oila.tj
104

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт рейди муштарак баргузор гардида, дар натиҷа 7 ҳолати ба донишгоҳ бо автомашинаи шахсӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, Саидов Сунатулло, Юсуфзода Раҳматулло ва Садирзода Саидмуҳаммад - донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Юсупов Шаҳбоз ва Қурбонзода Сунатулло - донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Аҳмадов Муҳаммадҷон - донишҷӯи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миров Муҳаммад - донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бар хилофи талаботи мазкур амал намуда, бо нақлиёти шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир шудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, инчунин ба донишгоҳҳои зикршуда ирсол карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тибқи муқаррароти амалкунанда, донишҷӯе, ки бо нақлиёти шахсӣ ба дарс ҳозир мешавад, ба муҳлати 3 сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД