Ба ифтихори Рӯзи ғалаба мардуми тоҷик 3 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳи май ба ифтихори солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳрвандони Тоҷикистон 3 рӯз пайиҳам, аз 9 то 11-уми май истироҳат менамоянд.
Аммо рӯзи 1-уми май, ки қаблан дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи якдилии меҳнаткашони тамоми олам” ҷашн гирифта мешуд ва рӯзи истироҳатӣ буд, имсол бидуни истироҳат хоҳад гузашт.
Ёдрас мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1-уми май низ рабт дошт.