Formula 2025 may
Ба кӯдакон дар як рӯз чанд соат телефонбозӣ кардан мумкин аст?
291

Дар замони муосир телефон ва планшетҳо қисми ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарра гаштаанд, вале волидон бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва нагузоранд, ки фарзандонашон аз меъёр зиёд теелфонбозӣ кунанд, зеро экрани телефон метавонад ҳам воситаи омӯзишӣ бошад, ҳам манбаи зиёни равонӣ ва ҷисмонӣ. Мехоҳед донед, ки ба кӯдакон дар як рӯз чанд соат телефонбозӣ кардан мумин аст? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Ба кӯдакони то 1-сола телефон надиҳед!

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) тавсия медиҳад, ки ба кӯдакони то 1-сола умуман телефон нишон дода нашавад, ба истиснои тамосҳои видеоӣ бо хешу ақрабо, зеро шуоҳое, ки аз экрани телефон мебароянд, ба саломатии тифлакон дар ин синну сол зарари зиёд доранд.

Кӯдакони 2 то 5-сола телефонбозӣ мекунанд?

Ба кӯдакони аз 2 то 5-сола дар як шабонарӯз танҳо 1 соат барои бо телефон бозӣ кардан вақт ҷудо намудан лозим аст. Аз ин бештар телефонбозӣ кардани кӯдакони ин синну сол зараровар аст.

Кӯдакони 6-сола ва калонтар

Мутахассисон ба кӯдакони синни мактабӣ дар як шабонарӯз то ду соат бо телефон машғул шуданро тавсия медиҳанд. Аз ин бештар вақти худро бо телефон гузаронидани бачаҳо дар ин синну сол ҳам ба рафти таҳсилашон дар мактаб таъсири манфӣ мерасонад ва ҳам ба саломатиашон.

Таъсири вақти зиёдро дар назди экран гузаронидан ба рушди кӯдак

1. Рушди нутқ ва забон

Истифодаи зиёди экрани телефон метавонад ба рушди нутқ ва забони кӯдак таъсири манфӣ расонад, зеро он вақти муоширати мустақим бо волидайн ва дигаронро коҳиш медиҳад.

2. Хоби нороҳат ва асабоният

Нури кабуди экран хоби кӯдакро халалдор мекунад ва истифодаи шабона метавонад боиси бесабрӣ ва асабоният гардад.

3. Камҳаракатӣ ва фарбеҳӣ

Зиёд нишастан дар назди экран ба камҳаракатӣ ва фарбеҳии кӯдак оварда мерасонад.

Вақти беҳтарин барои телефонбозӣ

Барои телефонбозӣ кардани кӯдакон вақту соати муайян ҷудо кардан лозим аст, масалан, танҳо баъд аз хӯрок ё иҷрои вазифаҳои хонагӣ, вале на пеш аз хоб.

Ҳамроҳ тамошо кунед ва шарҳ диҳед

Кӯшиш кунед, ки барномаҳои таълимиро бо фарзандонатон якҷоя тамошо карда, онҳоро шарҳ диҳед ва бо ҳаёти воқеии кӯдак пайванд намоед. Барномаҳои босифатро интихоб кардан шарт ва зарур аст. Ба барномаҳои таълимии интерактивӣ ва бидуни таблиғот бояд бартарӣ дода шавад.

Телефонро бо суҳбат иваз намоед

Ба ҷои тамошои экрани телефон, бозиҳои зинда ва суҳбатро бештар кунед. Муошират бо аҳли оила барои рушди кӯдакон воситаи аз ҳама беҳтарин аст.

Хулоса, телефон ва планшет воситаҳои комилан бад нестанд, аммо истифодаи дуруст ва боэҳтиёти онҳо хеле муҳим мебошад. Волидон вазифадоранд назорат намоянд, ки фарзандашон маҳз чиро аз телефон тамошо мекунад ва бо киҳо муошират дорад. Фаромӯш накунед, ки экрани телефон ҳеҷ гоҳ наметавонад ҷойи муҳаббат, муошират ва бозии зиндаро бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД