arzon replenishment
 Ба хона барнагардӣ, се талоқ!
3658

 

Хонандаи ҳамешагии шумоям ва ҳар як саҳифаи ин нашрияро сатр ба сатр мутолиа намуда, бисёр чизҳоро меомӯзам. Мушкилие маро маҷбур сохт, қалам ба даст гирифта ба сомонаи «Оила» муроҷиат намоям.

Дӯсте дорам, ки бароям мисли бародар азиз аст. Намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки ситораи вай бо ҳамсараш аз аввали зиндагиашон рост наомад. Рӯзе набуд, ки бо қошу қавоқи овезон омада аз боз бо занаш ҷанҷол шуданашон шиква накунад. Боре ҳангоми моҷарои навбатиашон косаи сабри дӯстам лабрез гашта, занашро задааст. Ҳамсараш қаҳр карда ба хонаи падараш рафт. Ман ӯро хеле маломат кардам, ки зиндагӣ бозича нест, рафта модари фарзандонашро биёрад. Гапамро дар замин намонда ба хонаи хусураш рафт, вале янга ду пояшро ба як мӯза андохта «намеравам» гуфтааст. Дар сари ҷаҳл дӯстам дар назди занаш шарт гузошта мегӯяд: «Дониста мон, ки агар худи ҳозир бо ман ба хона бар нагардӣ, як талоқат мекунам!» Зани беандешааш дар ҷавоб мағрурона «як талоқ он тараф истад, агар сад талоқ кунӣ ҳам, то аз ман бахшиш напурсӣ, намеравам» гуфтааст. Ҳамин тавр дӯстам танҳо ба хонааш баргашта боз як моҳ бозгашти занашро интизор шуд, вале аз янга дарак нашуд. Косаи сабри ҷӯраам лабрез гашта боз ба хонаи хусураш меравад ва дар назди ҳама аъзоёни оила мегӯянд: «Духтаратон зиндагӣ кардан хоҳад, худи ҳозир бо ман ба хона баргардад, вагарна вай ба ман се талоқ!» Ҳамсари бепарвофалакаш ба ҷойи он ки лашу лушашро ғундошта ҳамроҳи шӯяш ба хонааш баргардад, боз талаб кардааст, ки дар пеши пояш афтида бахшиш пурсад. Ҷӯраам зориву илтиҷо карданро аз рӯи оини мардӣ наҳисобида баромада меояд.

 

 

Вақте падару модараш аз ин моҷаро огоҳ шуданд, ӯро сахт коҳиш намуданд, ки чаро чунин қасами тақдирсӯзро ба забон овардааст, охир баъди се талоқ гуфтан дигар зиндагиашон бо занаш ҳаром шумурда мешавад ва агар ҳамсараш ба хона баргардад, ҳама ӯро даюс мехонанд. Ман намехоҳам оилаи дӯстам вайрон шавад, аз ҳамин хотир ба сомонаи «Оила» муроҷиат намудам, то хонандагони рӯзгордидааш ба ҷӯраам маслиҳатҳои судманд диҳанд. Оё дӯсти ман баъди қасами хӯрдааш бо занаш боз зиндагӣ карда метавонад?

Олим, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД