Commerce bank may-june 2026
Ба нафақагирон беш аз ду миллиард сомонӣ дода шудааст
202

Дар нимсолаи аввали соли 2026 маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ таъмин гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 198,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин хусус имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад. Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2026 қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 974,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2026 аз рӯйи маълумоти пешакӣ дар маҷмуъ 267,6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД