arzon replenishment
Ба ҳофизи зандор ошиқ шудаму...
1569

Ман духтари зеботарини маҳаллаамон ба шумор мерафтам. Падарам маро ба як хеши дурамон фотиҳа карданд. Пеш аз тӯй ба як маъракаи зангирии писарамакам рафтему зиндагии ман тағйир ёфт.

Хофизи тӯй як сарояндаи ҷавони шинохтаи кишвар буд, ки кайҳо боз ман мухлису ошиқи шайдояш будам. Баробари дидани сароянда ҳушам рафт. Аз ӯ чашм намекандам, чунон мафтуни сурудаҳову чашмони хумориаш будам, ки он лаҳзаҳо ҳама чизро фаромӯш кардам. Ӯ ҳам нохост нигоҳи маро ба сӯяш ҳис карду фаҳмид, ки ман ошиқаш ҳастам.

Вақте тӯй ба охир мерасид, сароянда сӯям чашмакӣ зад. Ман он лаҳза побанди ишқи аҳриманӣ хурсандӣ мекардам, ки ба ӯ писанд омадаам. Ҳамин дам яке аз навозандагонаш ба наздам омада, оҳиста коғазчаеро сӯям дароз кард. Ба хона омада, дидам, ки дар коғазча рақами телефони мобилӣ аст. Он шаб тоқат накарда, ба ӯ занг задам. Аз он тараф садои хушаш баромад.

Ҳамин тавр ишқи ман бо ин сарояндаи шинохта оғоз гардид. Медонистам, ки зану фарзанд дорад. Ӯ ҳам медонист, ки ман дар фотиҳаам. Аммо мегуфт, ки фотиҳаатро гардон, туро зани дуввум мегирам. Хуллас, чашмонам кӯр шуданду ӯро гӯш кардам ва фотиҳаро гардондам. Мунтазири хостгорҳои ошиқам будам, вале рӯзе рӯирост гуфт, ки маро фаромӯш кун, занам ишқбозиҳоямонро фаҳмидааст.

Он лаҳза дарк намудам, ки сахт иштибоҳ кардаам. Аз кори кардаам хеле пушаймонам. Ҳавову ҳаваси муҳаббати як сарояндаи бе фаросат маро дар зиндагӣ шикаст дод. Вале хушбахтам, ки номуси худро аз даст надодам. Ҳоло дӯзанда шуда кор мекунам. Ба наздикӣ бо ҷавони Худотарсе тӯйи арӯсӣ дорам. Ҳазорон бор шукр, ки ба роҳи хато рафта, зани дуввум нашудам. Худованд нахост, ки ман роҳи нодурустро интихоб намоям.
Гуландом.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД