toyota motors
Ба оилаҳои бар асари сӯхтор дар Норак бесарпаноҳ монда хонаҳои нав медиҳанд
169

Шоми 7-уми июн дар деҳаи Лангари шаҳри Норак як бинои дуошёнаи чӯбин оташ гирифта, 14 оила, ки аз 50 нафар иборат мебошанд, бесарпаноҳ монданд.

Тибқи иттилои намояндагони МИҲД-и шаҳри Норак, дар ҷойи хонаи ба коми оташ рафта бинои нави баландошёна сохта шуда, шахсони бар асари ин сӯхтори шадид зарардида соҳиби манзил мегарданд. Тибқи нақша бинои нав 12-ошёна хоҳад буд ва соҳибкоре, ки биноро месозад, ваъда додааст, ки ба таври ройгон ба шахсоне, ки бар асари сӯхтор бесарпаноҳ мондаанд, хонаҳои нав медиҳад.

Дар хабар омадааст, ки сокинони аз сӯхтор зарардида ба имтиёзи пешниҳодкардаи соҳибкор розӣ шудаанд, вале дар бораи бо хонаи иҷора таъмин кардани онҳо ягон пешниҳод нашудааст.

Айни замон онҳо муваққатан дар хонаи хешовандонашон маскун гаштаанд. Ба осебдидагони сӯхтор сарулибос ва кумаки ғизоӣ расонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД