Ман хоби аҷибе дидам. Дар хобам бо як зинапояи сафед, ки аз сангҳои мармар сохта шуда буд, боло мерафтем. Ману як гурӯҳ дӯстонам гӯё мусобиқа мекарда бошем, кӯшиш мекардем, ки аз ҳамдигар болотар гузарем. Ман аз ҳама боло будам ва дигарон аз пасам мебаромаданд, вале зинапоя ба охир расид. Ман каме тарсидам ва ба гирду атрофам назар карда, зинапояи дигарро дидам. Ана зинапоя дар он ҷо будааст-ку гӯён, ба он тараф равон шудам ва бо зинаи дуюм боло баромадан гирифтам. Хулоса, ман чунон боло баромадам, ки атрофам сап-сафед ва пур аз нур шуда монд. Акнун гӯё дар болои абрҳо қадам мезадам. Аз дидани ин манзараи дилфиреб бисёр хурсанд шудам, вале ҳарчанд ҳамроҳонамро садо кардам, касеро дар гирду атрофи худ надидам. Фақат ман монда будаму он олами сап-сафед ва дилфиреби пурнур. Мехоҳам таъбири хоби аҷиби дидаамро бидонам.
МАНУЧЕҲР, муҳоҷир
Посух:
- Бародари азиз! Аслан осмон рамзи арш буда, хоб диданаш бисёр фоли нек аст. Тавре дар хобномаҳо омадааст, кас хоб бинад, ки ба осмон баромадааст ва ҳиссиёти аҷибе ӯро фаро гирифта бошад, хушбахт мешавад. Шумо навиштаед, ки дар хобатон аз ҳама болотар баромада будед ва дигар рафиқонатон аз думболи шумо мебаромаданд. Ин бисёр хуб аст, шояд як гурӯҳи одамонро ба роҳи рост ҳидоят карда, савоби зиёде ба даст меоред.
Ба таъбири дигар бо зинапоя ба осмон баромадан дар хоб рамзи ба даст овардани қудрат будааст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, соҳиби ягон мансаб ё вазифаи баланд гашта метавонад.
Аммо аз осмон ба замин афтидан дар хоб хосияти хуб надорад. Чунин хоб аз сар задани гуноҳи бузурге аз шахси хобдида гувоҳӣ медиҳад.
Хоб бинед, ки бо зинапоя ба осмон баромадаед ва замин дар назаратон медурахшад, дар он минтақа файзу баракат борида, сокинонаш ҳаёти серу пур ва хушу хурсандона ба сар мебаранд, вале замин пур аз дуду ғубор ва тираю тор намояд, дар он мавзеъ ягон фалокати бузург, аз қабили заминларза ё обхезии шадид сар зада, одамон зарари калон мебинанд.
Осмони софу беғубор дар хоб ба оромиши қалбӣ ишорат мекунад, вале само зардранг бошад, шахси хобдида ё ягон одами наздикаш бемор мешавад. Осмони каб-кабуд дар хоб рамзи файзу баракат ва зиндагии пур аз шодию нишоти шахси хобдида будааст.