orienbank akciya
Ба ҷойи падари вафоткардаи худ ҳаҷ намудан равост?
31.05.2024
ОИЛА.ТҶ
945

Падарам дар оғози солҳои 90-ум як маротиба ҳаҷи фарзӣ карда, баъдан ду бор умра намуда буданд. Ростӣ худораҳматӣ марде буд, ки хондаву навишта наметавонист. Намедонам, ки чӣ гуна ҳаҷро анҷом додааст. Оё ман метавонам ба номи ӯ ҳаҷ кунам?

ДИЛОВАР, н. Шаҳринав

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Ҳаҷ дар умр танҳо як маротиба воҷиб аст. Асос дар адои амалҳо ва маносики ҳаҷ дуруст будани онҳо мебошад. Бинобар ин ҳаҷи дувум воҷиб нест. Беҳтар аст, ки ба ҷойи ҳаҷ кардан аз номи падаратон барояш дуо кунед. Агар марҳум дар зиндагӣ шахси парҳезгор ва боимон бошад, Худованд дар охират ҳам барояш аҷру подоши нек хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД