sebiston july new
Ба рӯйхатгирии довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олии Россия оғоз ёфт
172

Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии хоҳишмандон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Федератсияи Россия оғоз ёфт.

Барои довталабон дар марказҳои русии “Русский дом” дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд курсҳои тайёрӣ аз рӯйи се равия-техникӣ, иқтисодию гуманитарӣ ва тиббӣ кушода шудааст. Тавре ки маркази матбуоти “Руссикй дом” иттилоъ додааст, ба ҳар як курсии донишҷӯӣ дар донишкадаҳои олии Россия 3 нафар талабгор ҳастанд.
«Мақсади мо тамоми Тоҷикистонро омӯзонидан ва ё касеро барои таҳсил ба Федератсияи Россия фиристодан нест. Мо мехоҳем ба ин ҷумҳурӣ дар тайёр кардани муттахассисони баландихтисос дар соҳаҳои хеле муҳим кӯмак расонем. Ин як ҳадафи бузурги давлатӣ мебошад.”-гуфтааст сарвари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Иванов.
Имсол аз ҷониби ҳукумати Россия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Россия 630 ҷойи буҷҷавӣ ҷудо карда шудааст. Довталабон тариқи имтиҳон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Федератсияи Россия қабул карда мешаванд.
“Довталаб ҳуқуқ дорад, ки 6 мактаби олии Россияро интихоб намояд. Натиҷаи имтиҳонот ба ин муассисаҳои олӣ фиристода мешавад,”-навиштааст “Восточный эскпресс”.
Барои шомил шудан ба курсҳои тайёрӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олии Россия довталабон бояд аз санҷиши тестӣ аз рӯйи фанҳои интихобкардаашон гузаранд. Санҷишҳои тестӣ то санаи 15-сентябр ҳамарӯза (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе, якшанбе ва рӯзҳои ид) аз соати 15.00 то 18.00 гузаронида мешавад.
Барои худро ба курсҳои тайёрӣ номнавис кардан довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи академик Раҷабовҳо, гузаргоҳи 1, хонаи 9/1
Телефонҳо барои маълумот: 221-89-46 (47) ва 900-00-30-27.
Шаҳри Хуҷанд: кӯчаи Исмоили Сомонӣ 52. Телефон: (+992)3422-60-222.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД