Formula september
Ба сари кал мӯй шинондан гуноҳ аст?
766

Ман кал ҳастам. Аз ҷавонӣ мӯйи сарам рехт. Ҳоло ҳама мӯйи сар мешинонанд ё тариқи амалиётҳои махсус калиро бартараф мекунанд. Оё ин амал аз рӯйи шариат ҷоиз аст?

Маҳмуд, ш. Бохтар.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Мӯйсаршинонӣ иборат аст аз кӯчонидани фолликулаҳои мӯй аз як минтақаи сари инсон ба минтақаи дигари он. Ҳукми он раво аст, зеро ин як навъ бартарафсозии айб аст, на тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло. Ин кор ба манзалаи бартараф кардани айб аст ва аз навъи ороиш ва ё изофа кардан бар офариниши Аллоҳ таъоло ба ҳисоб намеравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД