formula55
Ба саволҳо ҷавоб надода, аз вазифа сабукдуш гаштанд
418

Мудири маорифи вилоят мегӯяд, баъзе директорҳо ба одитарин саволҳо посух гуфта натавонистанд.
Дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 мактаб бе директор мондааст. Баъзе директорҳо ба саволҳои оддитарини аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд.

Дар ин бораи Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ, ҳафтаи гузашта иттилоъ дод.
Набизода гуфт:

“Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 210 нафар директорон, омӯзгорон, мураббиён ва дигар кормандони соҳаи маориф аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, 503 нафар категорияи олӣ, 807 нафар категорияи якум ва 1 ҳазору 150 нафар категорияи дуюм гирифтанд.”

Ба қавли Сарвари Раёсати маорифи вилоят, миёни нафарони аз аттестатсия гузашта, онҳое ҳам буданд, ки натавонистанд ба саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух диҳанд.

“Мутаассифона, баъзе директорони мактабҳо дар назди аъзои комиссия, ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар омада буданд, ба одитарин саволҳо ҷавоб дода натавонистанд. Ин боис гардид, ки чанде аз онҳо аз вазифаи роҳбарии мактаб сабукдӯш шуданд”, -мегӯяд Мадина Набизода.

Ба ин тариқ, айни ҳол дар вилояти Суғд 61 мактаб бе директор монда, иҷрокунандагони вазифаи директор корро пешмебаранд.

“Сару садоҳо дар бораи он ки гӯё давр вилояти Суғд 200 мактаб бе директор аст, асос надоранд. Дар вилоят ҳамагӣ 61 мактаб директор надорад, аммо бо ин вуҷуд, онҳо бесоҳиб нестанд. Ба ҷойи директорон иҷрокунандагони вазифа кор карда истодаанд”, - гуфтааст Набизода.

Ба қавлисарвари Раёсати маорифи вилоят айни замон ҷобаҷогузории кадрҳо дар шаҳру навоҳии Суғд идома дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд буда, дар ин муассисаҳо беш аз 570 ҳазор хонандагон таҳсил мекунанд. Теъдоди омӯзгорон дар вилоят 37 ҳазору 662 нафар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД