Дар вилояти Суғд бо мақсади дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои молиявии раиси вилоят ҷудо карда мешаванд. Дар маҷмуъ, 80 нафар зан метавонанд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ кумаки бебозгашт дарёфт намоянд.
Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, барои татбиқи ин иқдом аз буҷети вилоят 560 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Грантҳо ба заноне пешниҳод мегарданд, ки лоиҳаҳои онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии занон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, чунин самтҳо дастгирӣ мешаванд: рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ, аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунармандӣ.
Грантҳо ба таври зерин тақсим карда мешаванд:
20 грант - 10 ҳазор сомонӣ;
20 грант - 8 ҳазор сомонӣ;
40 грант - 5 ҳазор сомонӣ.
Қабули лоиҳаҳо аллакай оғоз ёфта, то 10-уми июни соли 2026 идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд аз соли 2010 инҷониб амал мекунад ва ҳамасола барои дастгирии занони ҳунарманд ҷудо мегардад. Соли гузашта 60 нафар зан соҳиби ин грант гардида буданд.