Formula september
Бабник ё сарнавишти ҳунарманди машҳуре, ки “арӯс” шикор мекунад...
1829

Даричаи ошноӣ

Ному насаб: Озҷай Дениз
Санаи таваллуд: 17. 05. 1972.
Мучал: Савр.
Синну сол: 46- сола.
Макони таваллуд: Анқара, Туркия.
Касб: Ҳунарпеша, сароянда.
Вазъи оилавӣ: Ҷудошуда.

Дар суроғи як пора нон

Ҳунарманди маъруф Озҷан Дениз 17-уми майи соли 1972 дар шаҳри Анқараи  Туркия ба дунё омадааст. Падару модараш курд ва одамони камбизоат ва ба як пора нон зор буданд. Зиндагии қашшоқонаи волидонашро дида, Озҷан қарор дод, ки аз баҳри таҳсил дар мактаб гузашта, аз пайи овозхонӣ мешавад ва барои азизонаш ҳаёти шоистае бунёд мекунад. Вай рӯзи дароз машқи овоз намуда, суруд мехонд, то ки ба олами ҳунар роҳ ёфта, сарояндаи шинохта шавад. Ба назари волидонаш чунин мерасид, ки бо ин қарораш бачаи беақл ба ояндаи дурахшони худ хати батлон мекашад, аммо бозии тақдирро бинед, ки маҳз ҳамин қарор Озҷанро ба қуллаи баландтарини шуҳрат расонида, соҳиби ному нон ва обрӯю эҳтиром гардонд….

Ситораи хурдакак

Ба ин камбағалбача муяссар гашт, ки бо садои дилнишин ва чеҳраи зебояш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, шунаванда ва мухлисони хешро пайдо намояд. Дар 13-солагӣ Озҷан аллакай сарояндаи шинохта гашта, дар 16-солагӣ дар яке аз калонтарин шаҳрҳои Туркия-Анталия консерти зинда дод. Дар синни 17-солагиаш бо мақсади сайқал додани ҳунари сарояндагии хеш вай ба Германия рафта, муддати 3 сол дар саҳнаҳои гуногун сарояндагӣ намуд ва ҳамзамон нозукиҳои касби сарояндагиро аз худ кард.

Ҷавонмарди баномус

Ин ҷавони мубориз дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ аз мушкилот намеҳаросид, бинобар ин, пас аз бозгашт ба Ватан ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи ҷавонмардонаи худро адо кард ва бо сари баланд аз хизмат баргашта, корҳои эҷодиашро идома дод. Акнун Озҷан ба ҷавонмарди дилкаше мубаддал гашта буд, ки бо як нигоҳ дили ҳазорон-ҳазор духтарони лоларӯйро обу адо мекард. Волидонаш мехостанд сари ӯро ҷуфт карда, қарзи худро адо намоянд, вале Озҷан хонадор шуданро ҳеҷ ба гардан намегирифт. Дар атрофи ин ҷавони зебою ҳунарманд садҳо духтарон парвонавор давр мезаданд, вале Озҷан ба ҷойи ҳавои ишқ дар сар фикру хаёлҳои дигар дошт…

Рӯ ба синамо

 

Озҷан ҳамчун сароянда аллакай мавқеи худро пайдо карда буд ва мехост акнун дар ҳунари актёрӣ усто буданашро нишон дода, собит созад, ки худованд гили ӯро аз ҳунар сириштааст. Аввалин филме, ки Озҷан Дениз дар он нақш бозид, «Особняк с виноградными лозами» ном дошт. Ҳунарманди ҷавон тавонист аз қадами аввалинаш дар синамо ба дили ҳазорон-ҳазор тамошобинон роҳ ёбад. Дар саросари Туркия хурду калон ва пиру ҷавон баромадани қисматҳои нави ин силсилафилмро бесаброна мунтазир мешуданд.

Мелодрамаи мазкур ба Озҷани ҷавон шуҳрати бузург овард ва режиссёрони машҳур ӯро ба филмҳои гуногун даъват мекардагӣ шуданд. Бо офаридани ҳар нақши нав сафи ҳаводорони ҳунари актёрии Озҷан Дениз рӯз то рӯз зиёдтар мегашт…

Дар қуллаи шуҳрат

Акнун Озҷанро бештар ҳамчун актёр дӯст медоштанд, вале ин ҷавони ҳунарманд аз баҳри суруду мусиқӣ низ нагузашта, бо сафарҳои ҳунарӣ дар сар то сари Туркия мегашт. Таронаҳои Озҷан ҳатто дар филмҳои машҳур садо дода, шуҳрати ӯро торафт афзунтар мегардониданд. Албомҳои мусиқии Озҷан Дениз бо тиражи калон сабт шуда, дар як муддати кӯтоҳ пурра ба фурӯш мерафтанд. Ҷавоне, ки замоне ба як пора нон зор буд, туфайли санъату ҳунараш азизи дили миллионҳо одамон гашта, акнун дар баҳри сарвату пулу мол ғӯта мезад ва мардум чорқад шуда, ба ӯ салом медоданд…

Қимати мард ба қадри ҳунар аст

 

Ҳамин тариқ Озҷан Дениз ба маҳбубтарин актёр барои тамошобинон ва гароннархтарин ҳунарманд барои коргардонҳо мубаддал гашт. Нақшҳои офарида ва суруду клипҳояш ӯро на танҳо дар Туркия, балки дар Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон низ машҳуру маҳбуб намуданд. Дар Тоҷикистон низ шумори мухлисони ин ҳунарманди ҷаззобу бовиқор кам нестанд. Аз ҷумла  филмҳои «Гули сиёҳ» ва «Арӯси Истамбулӣ» дар байни тамошобини тоҷик хеле хуб пазируфта шудаанд.

Занҷаллоб ё бе бахт?

Зебосанамҳои зиёде мисли гулпаракҳои қашанге, ки дар атрофи гули зебою хушбӯй пар-пар мезаданд, дар гирди ин ҷавонмарди машҳур давр зада, дар орзуи як нигоҳи меҳрбораш ҳастанд. Дар байни ошиқони бешумори Озҷан Дениз ситораҳои синамо ва сарояндаҳои машҳури турк низ зиёданд, вале бо ин ҳама харидор ҳунарманд ҳеҷ бахташро ёфта наметавонад. Соли 1991 Озҷан бо ҳунарпешаи зебо Хандан Дениз ақди никоҳ баст, вале хислату хӯяшон бо ҳам мувофиқ наафтид. Ин ҷуфти ситораҳо соли 2000-ум расман ҷудо шуданд. Пас аз ин Озҷан як муддат бо ҳунарпешаи зебои дигар Фахри Эвҷен муносибати ошиқона дошт. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки кор қариб ба тӯй расида буд, вале магар ба ин ҷуфти зебо чашми бад расид, ки соли 2013 киштии ишқашон ба нокомӣ гирифтор гашта, дар дарёи хиёнат ғарқ шуд. Расонаҳо сабаби ҷудоии ин ҷуфтро дар хиёнати Озҷан маънидод намуда навиштанд, ки гӯё Фахрия аз муносибатҳои пинҳонии маҳбубаш бо модели ҷавон Айча Кури ва дар истироҳатгоҳи Венетсия якҷоя дам гирифтани онҳо хабардор шуда, рашк кардааст. Мегӯянд, ки маҳз моҷарои ишқи курортӣ боиси вайрон шудани тӯйи арӯсии Озҷан ва Фахрия гаштааст.

Ин марди ҳунар бо ду модели дигар- Арва Гауда ва Буса Нарҷи низ муносибатҳои кӯтоҳи ошиқона дошт, вале ба ҳеҷ кадоме аз ин зебосанамҳо муяссар нагашт, ки дили актёри ҷавонро ба даст оваранд.

Орзуи модар

Модари актёр Қадрия хонум аз дӯстдоштаи охиринаш Айча Айшин ҷудо шудани Озҷанро шунида ба шӯр омад. Ин ҳунарпешаи ҷавону зебо ба модари Озҷан писанд омада буд ва модар дар симои ӯ келини ояндаашро медид, аммо чӣ шуду чӣ монд, ки онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Акнун Қадрия-хонум дар назди писараш шарт гузоштааст, ки дар наздиктарин фурсат зан гирифта, хонаи қасрмонанди зебояшро пур аз садои тифлакон ва ӯро соҳиби набераҳои бисёр гардонад. Озҷан ба ин талаби модар танҳо  бо табассуми зебо ҷавоб гардонида, ваъда додааст, ки ба наздикӣ хоҳишашро иҷро мекунад, вале арӯси орзуҳои ин марди ҳунар кист, инро фақат худаш медонаду Худо!

Шаҳло Ниёзова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД