Arzon march 2024
Бадахшон: Духтари 16-сола зери тарма монд
737


Боришоти шадиди барф ва сангрезию фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ идома дорад. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишварамон 69 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуда, шумори қурбониёни тарма ба 17 нафар расид.

Аз ҷумла рӯзи 16-феврал, тахминан соати 15:30 дар деҳаи Гожаки ҷамоати деҳоти Ғарибшои ноҳияи Шуғнон бар асари лағзиши тарма як духтари 16-сола ба ҳалокат расида, наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро аз зери барфтӯда берун оварданд.

Барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ҳамоно бошиддат меборад. Хатари фаромадани тарма ва резиши санг бартараф нашудааст. Дар як қатор навоии куҳӣ, аз ҷумла Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаҳаракат дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб маҳдуд гашт.

Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ 11 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 ҳодисаи тармафароӣ сабт шудааст.
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои сарду боришоти пуршиддати барф то 19-уми феврал идома ёфта, хатари лағзиши тармаву регу санг боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД