formula
Бадахшон: Тарма 16 касро кушту 35 хонаро вайрон кард
547


Тармаи бузурге, ки субҳи 15-феврал дар болои маҳаллаи Носири Хусрави дар шаҳри Хоруғ-маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фурӯ рехт, ҷони 13 касро рабуда, бар асари ин офати табиӣ 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Ванҷ низ 2 нафари дигар бар асари тармафароӣ ҷон бохтаанд.

Тавре ки Кумитаи ҳоатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бар асари ин офати табиӣ дарБадахшон 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шуда, 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ вайрон шудаанд.

Ёдрас меавем, ки рӯзи 15 феврал, ҳамагӣ се соат пас аз тармафароӣ дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ, миёни деҳаҳои Садвад ва Седи ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи ВМКБ низ тарма фаромада, бар асари он як сокини 30-солаи ин деҳа зери тарма монда ҷон дод.

Фоҷиа бо ҳамин ба анҷом нарасида, соати 17:10 ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба Садвад ба намози ҷанозаи қурбонии тарма раванд, дар роҳ худашон зери тарма монданд. Якеро наҷот доданд, ҷустуҷӯи дуюмӣ идома дорад.

Рӯзи 15 феврал ҳамчунин дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз 13 то 15 феврал дар ҷумҳурӣ 27 ҳолати фаромадани тарма сар зада, ғафсии қабати барф дар Хоруғ 95 см, дар Дарвоз 35, дар Сағирдашт 90 см, дар маркази ноҳияи Ванҷ 60 см, дар деҳаҳои кӯҳӣ то 1 метру 20 см, дар ноҳияи Рӯшон 35 см, дар ноҳияи Шуғнон 60 см, дар ноҳияи Роштқалъа 35 см, дар деҳаҳои кӯҳистонии ноҳияи Ишкошим то 90 сантиметр шудааст.

Бино ба пешгӯии ҳавошиносон, боришоти шадиди барф ва хатари тармафароӣ дар Тоҷикистон то 19-уми феврал боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД