Commerc banl
Бадқаҳрии кӯдак нишонаи эркагӣ аст ё беморӣ?
21.02.2026
Oila.tj
80

Солҳои охир иддае аз падару модарон аз бадқаҳр, беодоб ва нописанд шудани фарзандонашон шиква мекунанд. Аксарият бар он ақидаанд, ки сабаби калонсолонро писанд накардани кӯдакону наврасон онҳоро эрка кардани волидонашон мебошад, вале равоншиносон бо ин ақида розӣ нестанд. Бадқаҳрии кӯдак нишонаи эркагӣ аст ё беморӣ?

Чаро кӯдак бадхашм мешавад?

Бадқаҳрӣ ё агрессияи кӯдакона ҳолатест, ки кӯдак барқасди калонсолон кӯшиш мекунад ба худаш ё ба дигарон зарар расонад. Маъмулан кӯдакон дар ҳолати агрессия ба кӯдакони аз худашон хурдтар, ба ҳайвонот ё ба худ зарари ҷисмонӣ мерасонанд, таҳқир мекунанд ё дашному ҳақорат медиҳанд. Сарфи назар аз вазъи иҷтимоии оила кӯдакон дар ҳама синну сол метавонанд ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ гарданд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бештар писарбачаҳо ба ҳолати агрессияи кӯдакона гирифтор мешаванд.

Сабабҳои агрессияи кӯдакона

Маъмулан дар оғоз кӯдакон барои баён намудани эҳсосоти худ баъзан хашмгинона рафтор мекунанд, вале дар сурати аксуламали нодуруст нишон додани калонсолон чунин рафтор одат шуда, ба роҳи ягонаи расидан ба хоҳишҳояшон табдил ёфта метавонад, зеро кӯдак ниёзҳои худро дуруст баён карда наметавонад.

Сабабҳои асосии рафтори бадхашмонаи кӯдакон инҳоянд:

1. Вайроншавии инкишофи шахсият, ноустувории эмотсионалӣ.

2. Суст инкишоф ёфтани системаи асаб.

3. Омилҳои тарбиявӣ - ба писарон талқин намудани ақидаи нодуруст, ки онҳо бояд мубориза бурда тавонанд.

4. Носолим будани муҳити оила. Баҳсҳои байни калонсолон, зӯроварӣ дар оила ва махсусан зӯроварӣ нисбати кӯдакон.

5. Танбеҳ шунидан аз муаллимон ва гирифтани баҳои бад дар мактаб.

6. Ҷангу ҷанҷол бо ҳамсолон.

7. Талабҳои волидайн, ки кӯдак онҳоро иҷро кардан намехоҳад ва ғайра...

Агрессияи кӯдакона нишонаи эркагӣ не, балки беморӣ аст

Рафтори хашмгинонаи кӯдак нишонаи эркагӣ ва тарбияи нодурусти падару модар набуда, балки беморӣ мебошад. Мушкили мазкур дар натиҷаи номутаносибии равандҳои ҳаяҷон ва монеъшавӣ (торможение) дар мағзи сар ба миён меояд. Номукаммалии кори қисматҳои майнаи сар, ки барои танзими эҳсосот ҷавобгӯ мебошанд, боиси бартарии ҳаяҷон гашта, дар натиҷа кӯдак бадхашмона рафтор мекунад. Сабаб дар он аст, ки кӯдак мустақилона бо эҳсосоти худ мубориза бурда наметавонад. Шиддати эҳсосии ҷамъшуда роҳи баромад меҷӯяд, вале кӯдак ин равандро танзим карда натавониста, рафтори хашмгинона мекунад.

Намудҳои агрессияи кӯдакона

Бадхашмии кӯдакона намудҳои гуногун дорад:

1. Аутоагрессия -хоҳиши ба худ зарар расонидан, одатан аз ҷиҳати ҷисмонӣ.

2. Гетероагрессия - вақте ки кӯдак нисбат ба дигар объектҳои зинда ва ғайризинда хашмгинона рафтор мекунад.

Вобаста аз хусусияти рафтор, агрессияи кӯдакона ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:

1. Ҷисмонӣ - расонидани зарар бо роҳи зӯрӣ, задан ё шикастани чизе.

2. Шифоҳӣ - лафзӣ. Ин намуди агрессия тавассути таҳдиду таҳқир ифода меёбад.

3. Экспрессивӣ - имову ишораҳои таҳдидомез, интонатсияи хоси садо ва тағйир ёфтани чеҳраи кӯдак ҳангоми ҳузури хашму ғазаб.

4. Реактивӣ - рафтори хашмгинонаи кӯдак чун ҷавоб ба ҳодисаҳои беруна.

5. Стихиявӣ - рафтори бадхашмонаи кӯдак бо сабабҳои номаълум.

Нишонаҳои асосии бадхашмии кӯдакона

Нишонаҳои зерин аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки кӯдак дар ҳолати агрессия қарор дорад:

• газидан;

• пучидан;

• тела додан;

• партофтани ашёҳо ба сӯйи дигарон;

• дар рӯйи фарш ғел задан;

• туф кардан;

• дод задан.

Одатан кӯдакони то сесолаи ба ҳолати агрессия гирифторшуда рӯю мӯйи падару модар ва дигар кӯдаконро мекананд, бо чанголашон мехарошанд ё ҳатто мегазанд. Дар баъзе ҳолатҳо кӯдак метавонад ҳатто нисбат ба ҳайвонот чунин хашмгинона рафтор намояд. Агар хуруҷи хашмгинона бо маҳдудкунии волидайн ба осонӣ қатъ шуда, кӯдак фаҳмад, ки чунин рафтор кардан мумкин нест, ҷойи ташвиш ва нигаронӣ нест. Дар синни сесолагӣ шиддати агрессия паст шуда, кӯдак мефаҳмад, ки рафтори ӯ боиси дард ёфтани шахси дигар мегардад ва боэҳтиёттар рафтор мекунад.

Аммо кӯдак баъди 3-4-солагӣ низ чунин амалҳои хашмгинонаро идома диҳад, эҳтимоли мавҷуд будани мушкилоти равонӣ вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолат ҳатман ба табиби асабшинос, равоншинос ё рӯҳшинос муроҷиат кардан лозим аст.

Агрессия дар кӯдакони мактабхон

Кӯдакони синну соли мактабӣ рафтори хашмгинона мекунанд, то бартариашонро нишон диҳанд ва манфиатҳои худро ҳимоя кунанд. Дар ин давра тафовутҳои гендерӣ ба миён омада, писарбачаҳо бештар қувваи ҷисмонии худро нишон додан мехоҳанд, духтарон бошанд, бо роҳи паст задан, таҳқир намудан ва мазоқу масхара кардани дигарон агрессияи худро нишон медиҳанд.

Аз агрессия то худкушӣ

Волидон махсусан дар давраи ба балоғат расидани фарзандонашон бояд эҳтиёткор бошанд ва нисбат ба ҳолати равонии онҳо бепарвоӣ зоҳир накунанд. Дар давраи ба балоғат расидан эҳсосоти наврасон чандин маротиба зиёд мешавад ва аз ду роҳ якеро пеш мегиранд. Бисёрии наврасон идора кардани эҳсосоти худро маҳз дар ҳамин давра омӯхта, қувваю нерӯи худро ба корҳои самарабахш равона месозанд, вале наврасоне низ ҳастанд, ки ба ҳолати депрессия гирифтор шуда, аз ҳама канораҷӯӣ мекунанд. Ин ҳолат бисёр хавфнок буда, дар сурати бепарвоии атрофиён боиси даст ба худкушӣ задани наврас гашта метавонад.

Чӣ бояд кард?

Агар нишонаҳои дар боло зикршуда дар рафтору кирдори фарзандони шумо мушоҳида мешуда бошад, пас ҳатман ба равоншинос ё равонпизишк муроҷиат намоед. Вобаста ба ҳолати кӯдак ё наврас мутахассисон бо ӯ силсиласуҳбатҳои равондармонӣ мегузаронанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ доруву дармон мефармоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД