Arzon march 2024
БАХТИЁР РАҲИМОВ: Зан бояд 40 дасту 40 по дошта бошад (Видео)
3022

 

«Ғарибшо-компания»-ин ном қариб 20 сол боз вирди забони хурду калон аст. Бо пайдо шудани «Ғарибшоҳ» дар лабони мардум гули табассум мешукуфад ва сардтарин маҳфил низ дарҳол гарм мешавад, зеро ҳаҷви Ғарибшоҳ хандаи бемаънӣ не, дарду доғи зиндагии мост.

Шуҳрати ин гур
ӯҳи ҳаҷвӣ дар ҷомеа то ҳадде бузург аст, ки номи аслии асосгузораш–Бахтиёр Раҳимов аз ёди мардум рафтаву хурду калон бо муҳаббату эҳтироми хоса ӯро «Акаи Ғарибшоҳ» гӯён садо мекунанд. Мурғи шуҳрат ба осонӣ сари китфи ин ҷавони лоғарандом, вале бисёр зираку фозил нанишас­тааст, ҳанӯз дар замоне, ки садои тир аз ҳама гуна садоҳои дигар баландтар буд ва ҳаёти одам баробари як мӯрча қадр надошт, ана ҳамин «Акаи Ғарибшоҳ» далерона чунон мавзӯъҳоеро ба саҳнаи ҳаҷв мекашид, ки тасаввур карданаш барои ҳунармандони номдор низ аз ақл берун менамуд. Саҳнаҳои намакини ҳаҷвиаш аз он дарак медоданд, ки Бахтиёри резапайкар як ҷавонмарди ба қавли мардум «говҷигар» аст ва то ҷон дар бадан дорад, ҷавонмардона дарду доғи мардумро хоҳад гуфт.

– Бахтиёрҷон, замоне бо нияти он ки ғарибони тоҷик ба Ватан баргашта дар диёри аҷдодиашон дубора шоҳ шаванд, гурӯҳатонро «Ғарибшоҳ-компания» ном ниҳода будед. Ғарибҳо кайҳо шоҳ шуданд, чаро шумо то ба ҳол «Ғарибшоҳ» мондаед?

Дар ҳақиқат, солҳои 90-ум, замони ошӯбҳову ҷанги шаҳрвандииТоҷикистон, мо бо орзуи бозгашти ғарибон ба Ватан театр-студияамонро «Ғарибшоҳ-компания» ном ниҳода будем ва гурӯҳамон ба зудӣ машҳур гашт. Мардум, ки моро бо ҳамин ном шинохтанд, иваз кардани номи гурӯҳро лозим надонистем.

–Шумо аз оғози фаъолиятатон то ба имрӯз ба аскарбачаҳо «чаққа» ҳастед, мудом ҳаёти онҳоро тасвир мекунед. Худатон хизмати Модар-Ватанро кардаед ё не?

Ҳанӯз ҳангоми дар омӯзишгоҳи мусиқӣ-равшан­намоии ноҳияи Ленин хонданам маро ба хизмати аскарӣ гирифта буданд. Ду сол хизмати Модар-Ватанро дар Русия, дар хунукии зиёда аз 45 дараҷа адо карда, бо сари баланд баргаштам.

– Аслан, мақсади ҳаҷв на танҳо хандондани мардум, балки кушодани чашми масъулон ва ҳал кардани мушкилоту норасоиҳои ҳаёт аст. Масъалаҳое, ки шумо дар саҳнаҳоятон ба қолаби ҳаҷв мекашидед, то куҷо ҳалли худро ёфтанд?

Дар ҳақиқат, он солҳо хизмати аскарӣ душвор буд, чунки аскарбачаҳо аз ҷиҳати либос ва хӯроку пӯшок танқисӣ мекашиданд. Бо пойдор гаштани сулҳу субот дар кишварамон оҳиста-оҳиста ин камбудиҳо азбайн рафтанд. Ҳоло аскарбача бо мӯзаи кандагӣ намегардад, хурду хӯрокашон ҳам хуб шудааст. Ман то имрӯз бо қисмҳои ҳарбӣ робитаи зич дорам, бо чашми худам мебинам, ки ҳаёти аскарбачаҳои имрӯза аз зиндагии аскарбачаҳои он замон аз замин то осмон фарқ мекунад. Ҳангоми як баромадам, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд:–Офарин ба ҳамин Ғарибшоҳ, ки Артиши миллиро аз марг наҷот дод!

Гуфтаниед, ки бачаҳо дигар аз облава нагурезанд?

Нагурезанд, чунки хизмати Модар-Ватан онҳоро мард мекунад!

-Азбаски таҷрибаи фаровон доред, мехостем назаратонро ҳамчун ҳаҷвнигори касбӣ ба ҳаҷви имрӯза бидонем.

Саволи осон, вале ҷавобаш хеле мушкил! Ман, ки худ ҳунармандам, ҳаҷвнигоронро санги маломат заданӣ нес­там, зеро бузургонамон фармудаанд:

       Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,

       Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.

Агар ҳамчун як тамошобин баҳо диҳам, ҳаҷви имрӯз хеле коста ва хароб аст. Мардум аз театр дур шуданд, дигар хоҳиши театрравӣ надоранд, барои он ки барномаҳо бисёр сустанд. Ҳаҷви пештараи мо ҳам олӣ набуд, вале аз ҷиҳати ахлоқ, одоб, мазмуну мундариҷа дар тарбияи маънавии мардум таъсири нек расонда метавонист. Имрӯз ҳамин чиз дар намоишномаҳои ҳаҷвии мо қариб ки эҳсос намешавад. Ҳаҷв танҳо ба хотири хандидан нест. Ҳаҷв бояд мақсаду маром ва ҳадаф дошта бошад.Ҳаҷв бояд тарбиятгар бошад ва тамошобин дар он камбудии ҳаётро дида тавонад. Ҳаҷви мо имрӯз бисёр сабук ва ҳатто кӯчагӣ шудааст.

– Барои пешрафти ҳаҷв чӣ бояд кард?

–Меҳнат ва ҷустуҷӯи эҷодӣ. Вазифаи ҷонии Вазорати фарҳанг аст, ки драматургҳои беҳтаринро ба ин соҳа ҷалб намояд, ҳавасманд созад, то онҳо саҳнаҳои аҷибу ҷолиб нависанд.

Барои «Ғарибшоҳ-компания» киҳо саҳнаҳои ҳаҷвӣ менависанд?

Бештар такя мекунем ба ҳаёти халқ ва интернет. Ҳаҷвнигорони театр-студияи «Ғарибшоҳ-компания» Абдуҷаббор, Ташриф Азимов, Саидаҳмад Холов, Оятулло Шарипов, Ҳасан Чиллаев ва Сиёвуши хурдакак аз дидаву шунидаҳояшон саҳнаҳо меофаранд.

Театр-студияи шуморо театри мардона гӯем, хатто намекунем. Дар ҳама ҷо оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа гап мезананд,чаро шумо ба занҳо эътимод надоред?

Дуруст, ки мо ҳаҷвнигор-ҳунарманди зан надорем, вале ин нишонаи нобовариамон нисбат ба хонумҳо нест. Ҳарчанд дар саҳна мо бо дигар гурӯҳҳои ҳаҷвӣ рақобат дошта бошем ҳам, берун аз саҳна бо ҳамдигар дӯсту рафиқҳастем. Офаридани нақши занона лозим шавад, аз дигар театрҳои ҳаҷвӣ хонумҳоро даъват мекунем.

–Нигоҳи шуморо ҳамчун як марди машҳур ба зан ва мақоми зан дар оила донистан мехостем…

Зан-модар будан масъулияти бузург аст. Тарбияи фарзандон, нигоҳубини хонаву дар, ба ҷо овардани амру фармонҳои шавҳар, хусуру хушдоман, қайниву қайсингил ва боз садҳо мушкилоти дигар! Бовар кунед, як худи шавҳар аз чанд кӯдаки майда бештар ғам медиҳад. Ман ҳайронам, ки чӣ тавр онҳо бо ду дасту ду по ин қадар корро саришта карда метавонанд! Барои занҳо ду дасту ду по кам аст, онҳо бояд 40 дасту 40 по медоштанд! Ман ба занҳо ҳазорон аҳсан мегӯям, чунки бе зан зиндагии мо, мардҳо на ранг дорад, на бӯю маънӣ!

Орзуи ҳунарманди халқӣ шуданро доред?

Кадом ҳунарманд ин орзуро надорад? Ман ҳамеша дар байни халқҳастам ва худро бе халқ ҳеҷ медонам. Унвони ман ана ҳамин эҳтирому муҳаббати самимонаи халқ аст!

 – Комёб бимонед!

alt

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД