formula55
БАЛОИ ҶОН (анҷом)
4062

Давомаш ...

Шабнамро дигар ҳар рўз савори мошинҳои гуногуни хориҷӣ медидам. Падари ў дар Русия буд. Модараш боварӣ дошт, ки духтараш ба шаҳр рафта, забони англисӣ ва маҳорати кор бо компютерро меомўзад.

Мо ҳамсинфон имтиҳонҳои хатми синфи 9 - ро супоридему рӯзи имтиҳони охирин дар хонаи як ҳамсинфамон ҷамъ шудем. Ҳама шод будем, ки синфи акнун синфи 10 шудем.

Ҳама хурсандӣ доштанд. Ин вақт Сафаралӣ аз мо дар куҷо будани Шабнамро пурсид. Воқеан, ӯ дар байни мо набуд. Баъд Сафаралӣ телефонашро бароварда, ба касе занг заду “Шабнам дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ хоб аст” гуфт. Ин хабар моро дар ҳайрат гузошт. “Ба Шабнам чӣ шуда бошад, ки дар беморхона афтодааст?” – мепурсидем аз ҳамдигар.

Фоҷиа

Бегоҳ модари Шабнам ба хонаамон омад. Ў ба монанди пештара хурсанд набуд. Сараш хам ва чашмонаш гиряолуд менамуданд. Ў дар болои кат амонат нишасту ба ман нигариста, гуфт:

- Дугонаат дар беморхона хоб аст. Ҳоҳиш кард, ки ту ба назди вай равӣ.

Ман бо Шабнам қаҳрӣ будам ва модару хонагиҳо инро намедонистанд. Бо гардани шикаста ва хоҳиши модари Шабнам ба беморхона рафтам. Маро модари ӯ ҳамроҳӣ мекард.

Духтурон иҷозат надоданд, ки ман ба ҳуҷраи Шабнам дароям. Модараш бо чӣ илоҷҳо ба ҳуҷраи ӯ даромада вайро ба берун баровард. Шабнам акнун хеле хароб шуда, рангаш зард гашта буд. Ӯро ба ин аҳвол дида, ба наздаш рафтам ва гарданашро ба оғӯш гирифта, гиря кардакм.

Модари Шабнам барои харидани дору рафт ва ман акнун бо ӯ танҳо монда, сабаби бемориашро пурсидам. Дугонаам бо оби дидаи шашқатор ба нақли саргузашташ сар кард.

Сайри варзоб

- Ман туро дар он рўз беҳуда ранҷонидам. Гумон доштам, ки ба ман бахилӣ менамоӣ. Телефони тўҳфа кардаи бародаронам ҳаёти маро сузонд. Телефонии дасти маро ту дида будӣ. Рустам худашро ошиқи шайдои ман нишон медод. Як бегоҳ вай маро ба мошинаш савор карда ба дараи Варзоб бурд. Боду ҳавои ин дараро ман бори аввал медидам ва мафтуни табиаташу суханҳои Рустам шудам.

Он рўз бори аввал маззаи шаробро чашидам. Аз нўшидаи май сарам ба чарх задан даромад. Рустам аз телефони худ як филмро ба телефони ман гузарониду гуфт, ки тамошо кунам. Ман он филмро тамошо карда, аз таъсири май вориди ишқварзӣ гаштам. Филм ҳиссиёти маро ба ҷўш оварда буд.

Ману Рустам он рўз дар Варзоб мондем. Ман акнун номуси худро аз даст дода будам. Ман дигар он духтари 15 - сола набудам. Ман аллакай зан шуда будам. Нафаҳмидам, ки он рўз Рустами номард ҳамаи амалҳои шаҳвонии кардаи моро дар телефони худам сабт кардааст.

Саҳар худро дар оғӯши Рустам лучи модарзод дида фиғонам ба осмон баромад. Ӯ ваъда дод, ки зиқ нашавам, маро мегирад.

Бо Рустам шаш моҳ айш рондем. Дўстони ӯ хеле зиёд буданд. Ҳатто рафиқони афғону эрону турк низ дошт. Дар базми яке аз рафиқони серпули Рустам ӯ хоҳиши ба ман ҳамхоба шуданро кард. Аммо ман аз ӯ дурӣ ҷустам.

Беномусӣ

Рустам бо баҳонае аз хона баромад. Ман аз таъсири шароб маст гашта будам. Он мард маро озод бардошта, ба хонаи хоб бурд. Дигар чӣ шуданашро намедонам. Ин хел воқеаҳо тез - тез такрор мешуданд. Рустам гўё чизеро намедонист. Дар як шаб 5 - 6 нафар мардҳо бо ман ҳамхоба мешуданд.

Ҳомиладорӣ

Рўзе сарам чарх заду ба замин афтодам. Ин кор дар хонаи як дугонаам шуд. Маро бардошта, ба беморхона бурданд. Духтурон ташхис намуда, гуфтанд, ки ман ҳомиладор шудаам. Аз кӣ буданашро ҳатто намедонам.

Он рўз аз ман хун гирифта, сабаби бемориамро муайян карданӣ шуданд. Ташхиси хуни маро духтур дида, лаънатам гуфт ва ба берун баромад. Баъди лаҳзае чанд нафар милисионерҳо ба назди ман омада, забонхатамро гирифтанд, ки бо киҳо хоб кардаам.

Дигар илоҷ надоштам. Аз тарси оне, ки маро шарманда накунанд, ҳамаи ҳодисаи ба сарам омадаро нақл кардам. Нишонаи Рустамро гирифта, милисионерҳо баромада рафтанд. Ҳуҷраи маро алоҳида карданд.

Модарам аз бемории ман хабардор шуд. Милисионерҳо ба хонаамон рафта, ӯро огоҳ карда буданд. Ӯ гуноҳро ба гарданаш намегирифт. Ба милитсионерҳо сабтҳои телефонии кардаашро нишон додаст, ки ман дар як шаб бо чанд нафар мард мехобидам.

Сироят ба СПИД

Рустам пул дода, ҷонашро халос кард. Ман ба бемории СПИД гирифтор будаам. Ҳар рўз аз дард тамоми баданам ба сўзиш медарояд.

Ў саргузашташро гуфту гирякунон ба ҳуҷраи бемориаш рафт. Ман ба хонаамон баргаштам ва то ҳол намефаҳмидам, ки чаро дугонаи ҷониам бо ин роҳ рафт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД