Барби-блогери оқипадар
Қисми 10
Нафаси Манзура гӯё дарун зада бо дастони ларзон паёмро кушод. Дар он танҳо як ҷумла буд:
“Духтарам, ман туро аз ҳаётам гӯё хат задам, вале ҳарчанд кӯшиш кардам, номатро ҳеҷ гоҳ аз китоби дилам хат зада натавонистам! “
Манзура телефонро ба синааш фишурда, гиря кард, аммо ин дафъа ашкҳояш аз дард набуданд.
Пас аз ин аз ҳамон рақам боз як паёми дигар омад, ки дар он навишта шуда буд: “Агар воқеан пушаймон шудаӣ, ба Ватан баргард. Ман туро интизорам...”
Манзура ба экран нигарист.Падараш ӯро интизор буд.Пас аз солҳои дароз, пас аз ҳамаи он дардҳо. Пас аз он ки ӯро рад карда буд.
Манзура дарк кард, ки падар аз фарзандаш на барои он даст мекашад, ки ӯ нафрат дорад, балки барои он ки дар роҳи нодурусти зиндагӣ дидани ҷигарбандаш барояш аз марг низ сахт ва дардноктар аст.
Манзура камераро хомӯш карда, ба Фарҳод нигарист.
— Ман ба Ватан бармегардам.
Фарҳод чизе нагуфт.
Манзура флешкаро ба ӯ дод.
— Инро ба полис расон.
Вай ба дар нигарист.
— Ман меравам аз падарам бахшиш бипурсам... аз модарам ҳам... Манзура ашки чашмонашро пок карда, зери лаб пичиррос зад:
—Аммо пеш аз ҳама аз худам бояд бахшиш бипурсам...
Манзура ба сӯи дар рафт.
Ҳанӯз ҳанӯз намедонист, ки дар Ватан ӯро чӣ интизор аст. Шояд оғӯши модар,шояд чашмони сарди падар, шояд бахшиш, шояд рад шудан ва дари ба рӯяш баста, аммо як чизро медонист: Ӯ дигар намехост аз гузаштааш гурезад, чунки баъзе роҳҳоро танҳо бо баргаштан тай кардан мумкин аст. Ва баъзе пушаймониҳо то охири умр дар дили инсон мемонанд...
Манзура аз хона баромад. Фарҳод аз пасаш нигоҳ кард, Ахмад бошад, ба экрани ноутбук нигарист. Видео ҳанӯз кушода буд. Вай бодиққат ба чеҳраи марди дар кунҷи видео тасвирёфта, яъне Комрон нигарист ва ин дафъа чизеро дид, ки қаблан ба он аҳамият надода буд. Дар паси Комрон як акси кӯҳна овезон буд.Акси оилавӣ, ки дар он як мард, як зан ва як духтарча намудор буданд...
Аҳмад экрани телефонро ба чашмонаш наздик оварда, ба духтарча, ки чеҳрааш ба назараш ким-чихел шинос менамуд, зеҳн монд ва зери лаб пичиррос зад: Манзура?!
Фарҳод ҳайрон ба ӯ нигариста пурсид:
—ба ту чи шуд, Аҳмад, охир худат дидӣ, ки Манзура рафт...
Ахмад бо чеҳраи рангаш ба мисли деоври кӯҳна парида ба Фарҳод ниграиста гуфт:
— Ин бозӣ аз он чизе, ки мо фикр мекардем, бузургтар аст.
—Ту чиҳо мегӯӣ Аҳмад? Равшантар гап зан, охир ман аз ин суханони по дарҳавои ту чизе нафаҳмидам..
Ахмад ба экран ишора кард.
— Комрон Манзураро тасодуфан интихоб накардааст.
Фарҳод ба акс нигарист ва чеҳраи духтарчаро дида, дар ҷояш шах шуда монд, чунки он духтарча дар ҳақиқат Манзура буд...
Фарҳод ва Аҳмад дар ҷояшон хушк шуда монданд. Олами атрофашон гӯё аз ҳаракат бозмонд. Акси кӯҳнаи девор ҳақиқати даҳшатнокеро фош месохт...
(Давом дорад)