Oila Navruz
Барфу сармои шадид дар Тоҷикистон то кай идома меёбад?
707


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумотҳои Агентии обу ҳавосанҷии кишвар аз идома ёфтани барфрезӣ ва сармои шадид дар ҷумҳурӣ хабар додааст. Ҳаво тибқи пешгӯиҳо то -50 дараҷа сард хоҳад шуд.

“Рӯзҳои 10-14-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия ва Сибири Ғарбӣ дар аксари қисматҳои ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда, барфи шадид меборад.

Рӯзҳои 11-14 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво шабона 8-13 то 14-19 сард ва рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа сард мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво аз 11-16 то 19-24 дараҷа хунук хоҳад шуд. Рӯзҳои 14-16 январ дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ то ба 32-37 дараҷа хунук мешавад. Дар Булункули ноҳияи Мурғоб ҳаво то -50 дараҷа сард хоҳад шуд. Рӯзҳои 10-12 январ ҳавошиносон лағзиши тармаро дар қисматҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешбинӣ мекунанд”-навиштааст сомонаи КҲФ Тоҷикистон. Бино ба иттилоъи ин манбаъ ҳавои сард то 15 январ боқӣ хоҳад монд, бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз тамми сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ба сафар, хоса ба сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ набароянд, зеро бо сабаби боришоти зиёд, яхбандии роҳҳо ва хатари фаромадани тармаю сангрезӣ зиёд буда, хавфи дар роҳ мондан ва сар задани садамаҳои нақлиётӣ, ки оқибатҳои нохушро ба бор меоранд, хеле зиёд мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз бо сабаби боришоти зиёд дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок садамаи нақлиётии маровар сар зада, бар асари он як зан ҷони худро аз даст дод ва боз чанд нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳияи Варзоб интиқол дода шуданд, ҳамчунин дар километрҳои 67, 68, 69, 70 ва 71 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба миён омада, дар тармаи километри 67-ум қисмати чапи як “Мерседес – Спринтер” зери ғарами барф монд, вале бо талоши кормандони ширкати роҳи IRS, ки дар ин қитъа навбатдорӣ мекунанд, ронандаи мошин наҷот дода шуд. Имдодгарон ронандагон ва мусофирони 28 мошинро, ки дар километрҳои 65 то 73 роҳи Душанбе – Варзоб дармонда буданд, ба макони амн интиқол доданд, вале айни замон бо сабаби боришоти шадиду фаромадани тарма роҳи “Душанбе-Хуҷанд Чаннок” баста аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД