Шуъбаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" хабар додааст, ки рӯзи 16-уми сентябр аз соати 10:00 то 17:00 интиқоли барқ дар як қатор кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино муваққатан қатъ мешавад. Сабаби ин корҳои таъмиру навсозӣ зикр шудааст.
Тибқи маълумоти шуъба, рӯйхати кӯчаву маҳаллаҳое, ки бидуни барқ мемонанд, чунин аст:
Кӯчаҳо: Р. Набиев, Фурӯзон, А. Ҷомӣ, Б. Ғафуров, Испечак, Қазоқон, Ф. Маҳмадиев.
Маҳаллаҳо: Балх, Ҷӯйбодом, Арбобхотун, Роҳи Нав, Ҷортути Боло ва Поён.
Ба сокинони ин минтақаҳо тавсия дода мешавад, ки корҳои эҳтиёҷманд ба барқро пешакӣ ба нақша гиранд.