toyota motors
Барои иштирокчиёни ҶБВ дар Хатлон 75 ҳазор сомонӣ мукофот ҷудо шуд
63

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар арафи Иди Ғалаба барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қаламрави ин вилоят ҳамагӣ 5 нафар боқӣ мондаанд, дар ҳаҷми 75 ҳазор сомонӣ мукофот ҷудо кардааст.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Сафаралӣ Файзалиев дар шаҳри Бохтар, Ҳабиб Сафаров дар ноҳияи Ҷайҳун, Машраб Давлатов дар Ҷалолиддини Балхӣ, Гулмурод Тағоев дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Яҳё Мирзоев дар Ховалинг зиндагӣ мекунанд. Аз ин панҷ нафар се нафарашон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ду нафар маъюбони ин ҷанги хонумонсӯз мебошанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба хотири ин бобоёни қаҳрамонро бо ҷудо намудани 75 ҳазор сомонӣ мукофот шод гардонд.

Ёдрас мешавем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кардаанд, ки то санаи 9-уми май ба онҳо расонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД