Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар остонаи Иди Қурбон барои назорат аз болои нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозору марказҳои савдо гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳар сол дар арафаи ид баъзе фурӯшандагон ва соҳибкорон аз зиёд шудани талабот истифода бурда, нархи маҳсулотро беасос баланд мебардоранд. Аз соҳибкорон дархост шудааст, ки аз боло бурдани худсаронаи нархҳо худдорӣ кунанд ва талаботи қонунро риоя намоянд.
Тибқи қонунгузорӣ, барои беасос гарон кардани маҳсулот, фиреби харидорон, фурӯши маҳсулоти муҳлатгузашта ва ё начаспонидани нархномаҳо ҷарима ва ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо ҷазо метавонад то 5 соли маҳрумият аз озодиро дар бар гирад.
Дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ нисбати вайронкунандагон чораҳои маъмурӣ ва қонунӣ андешида мешавад.