Дандонбарорӣ осон нест, махсусан дар фасли тобистон. Дар ин давраи мушкили ҳаёташон тифлакон ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Барои он ки кӯдак дар дандонбарорӣ зиёд азоб накашад, модар бояд чи кор кунад?
Кӯдак дар чандмоҳагӣ дандон мебарорад?
Маъмулан тифлакон баъди шашмоҳагӣ дандон мебароранд, аммо кай баромадани дандонҳои аввалин ба саломатӣ ва махсусиятҳои организми кӯдак вобастагӣ дорад. Тифлаконе ҳастанд, ки дар 3-4 моҳагӣ дандон мебароранд, вале бархи дигар дар 10-11моҳагӣ ва ҳатто баъди яксола шудан ба дандонбарорӣ сар мекунанд. Пеш аз мӯҳлат ё баръакс дертар баромадани дандонҳои тифл ягон ҷойи ташвиш ва нигаронӣ надорад. Кӯдак то 3-солагӣ 20 дандони ширӣ мебарорад.
Нишонаҳои дандонбарорӣ
Дандонбарорӣ дар ҳаёти тифлакон давраи душвор ва дарднок аст, махсусан баромадани дандонҳои аввалин. Кӯдак аз дарди сахти вораҳо, ки пайваста ӯро азият медиҳад, азоб кашида, бисёр гиря мекунад. Иштиҳои тифлак гум шуда, ҳамеша инҷиқӣ мекунад. Маъмулан бар асари дард, хориши сахти вораҳо ва нороҳатӣ кӯдак наметавонад ҳатто шабона ором хоб равад.
Модар бояд чӣ кор кунад, то тифлак зиёд азоб накашад?
Аз зери гӯш намоён гаштани дандончаҳои тифлак метавонад то 10-15 рӯз тӯл кашад, вале давраи аз ҳама душвор рӯзҳои 2-5 мебошанд Яке аз нишонаҳои аввалини дандон баровардани тифлак рафтани оби даҳон аст. Ин метавонад боиси сурх шудани пӯст гардад.
Модар бояд чӣ кор кунад?
Модар бояд лабу даҳони кӯдакро тез-тез бо сачоқчаи намнок пок кунад, то пӯсти нозуки атрофи лабҳои кӯдак осеб набинад. Барои пок кардани лабу даҳони кӯдак аз сачоқчаҳои намноке истифода баред, ки дар таркибашон ксилит доранд. Он монеъи афзоиши бактерияҳо гашта, сурхшавии пӯстро пешгирӣ мекунад.
Кӯдак не “пилесос”
Дар давраи дандонбарорӣ тифлак ҳар чизи аз пешаш баромадаро зуд ба даҳонаш меандозад, чунки хоҳиши хоидан дар кӯдак зиёд мешавад. Газидану хоидан хориши вораҳои дандонро нисбатан камтар мекунад.
Модар бояд чӣ кор кунад?
Кӯдакро бе назорат нагузоред. Эҳтиёт шавед, ки тифлак ягон чизи сахт ва хатарнокро ба даҳонаш набарад, зеро ин метавонад боиси захмӣ шудан, заҳролудшавӣ ё фурӯ бурдани ягон ашё гардад.
“Тест”-и модар
Инҷиқӣ кардан ва рафтани оби даҳони кӯдак на ҳамеша нишонаи дандонбарорӣ аст. Барои фаҳмидани он ки фарзанди шумо дар ҳақиқат дандон бароварда истодааст ё не, метавонед дастонатонро тоза шуста, баъдан ангуштатонро ба даҳони кӯдак андозед. Тифлак кӯшиши газидан кунад, донед, ки дандон мебарорад, вале ангушти шуморо макад, сабаби нороҳатиаш чизи дигар аст.
Крем молед
Пӯсти баъзе кӯдакон аз ҳад нозук аст ва оби даҳони тифлакро тез-тез тоза кунед ҳам, сурх шуда, обилача мебарорад. Барои тезтар шифо ёфтан ба мавзеъи осебдидаи пӯсти тифлак малҳами нармкунандаи кӯдакона (детский увлажняющий крем) молидан лозим аст.
Кӯдак макида наметавонад?
Аксаран дар давраи дандонбарорӣ синамакӣ барои тифлакон душвор мегардад. Кӯдак пистони модарро каме мемакад, вале бо сабаби дард кардани вораҳои дандон онро зуд раҳо мекунад ё мегазад ва ғаш карда мегиряд.
Модар бояд чӣ кор кунад?
Тифлак сина макидан нахоҳад, маҷбур накунед. Дар ин давра кӯдак нисбат ба рӯзҳои дигар 3-4 бор камтар сина макад ҳам, зарар надорад. Дертар кӯдак гурусна монда, худаш майли макидан мекунад. Аммо кӯдак умуман иштиҳо надошта бошад ва давоми 24 соат шир нахӯрад, дар ин ҳолат ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Варам кардани вораҳои дандон хатарнок аст?
Варам кардани вораҳои дандон хатарнок нест. Вақте ки кӯдак ба дандонбарорӣ сар мекунад, рагчаҳои хурд-хурд мекафанд ва дар бадали чанд рӯз дандончаҳои кӯдак оҳиста-оҳиста аз даруни гӯшт сар мекашанд.
Нигоҳубини кӯдак
Дар давраи дандонбарорӣ кӯдак ба нигоҳубини махсус ниёз дорад. Кӯшиш кунед, ки тифлаки худро бештар ба бағал гирифта, меҳрубонӣ намоед, ҳамроҳаш бозӣ кунед.
Ба кӯдак тез-тез оби ширгарм ва шарбати мева додан лозим, то ки ҷисмаш аз витаминҳо шодоб гашта, тезтар дандонҳояшро барорад. Метавонед бо шёткаи махсуси селиконӣ вораҳои дандони тифлакро маҳс кунед, то ки хориши вораҳо камтар шавад.
Барои кӯдак бозича - прорезыватель харед. Хоидани он хориши вораҳои дандонро камтар месозад.
Метавонед ба вораҳои дандони кӯдак гел ё мазҳои махсуси дар таркибашон лидокоин ва бензокаин доштаро, ки махсус барои дандонбарорӣ пешбинӣ шудаанд, бимолед. Ин гелҳо дардро таскин медиҳанд.
Кадом амалҳо манъ аст?
Дар давраи дандонбарории кӯдак анҷом додани амалҳои зерин манъ аст:
1. Дасти худро ба даҳони кӯдак андохтан ва сахт зер кардани вораҳои дандон. Дард зиёд мешавад, бар замми ин, ҳар хел инфексияҳо ба организми кӯдак ворид шуда метавонанд.
2. Эмгузаронӣ-прививка кардани кӯдак. Дар давраи дандонбарорӣ иммунитети кӯдак суст мешавад.
3. Ба дасти кӯдак додани ҳар хел ашёҳои сахте, ки метавонанд дар гулӯяш дармонанд.