Кормандони Агентии давлатии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Наҷмудинзода Д. А., мутахассиси Раёсати заминсозии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"-и пойтахтро бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, ки гумонбар соли 2025 барои ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як шаҳрванд 20 ҳазор сомонӣ пул гирифтааст, дар ҳоле, ки барои ҳуҷҷатгузории замин аз рӯйи қонун ҳамагӣ 1000 сомонӣ пардохти давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Айни замон нисбати Наҷмудинзода Д. А. барои тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.