Arzon march 2024
Ишқи пинҳонӣ ва асрори Русияро интихоб кардани Милагрес (ВИДЕО)
9950

 

Ситораи машҳури сериали «Фариштаи ваҳшӣ” Наталя Орейро чанде пеш ба Русия сафар карда, дар яке аз шабакаҳои телевизионии ин кишвари абарқудрат бо забони русӣ мусоҳиби дод.


Пас аз ин сафари ҳангомавӣ дар бораи ин ситораи ҷаҳонӣ овозаҳои гуногун пайдо шуданд. Яке мегӯяд, ки Наталя Орейро шавҳари рус кардааст ва ба Русия мекӯчад, дигарӣ ин овозаро рад намуда, иддао мекунад, ки ситораи машҳури Амрикои Лотинӣ дар Рублёвка-минтақае, ки танҳо сарватмандон ва ситораҳои бурурги шоу-бизнеси Россия зиндагӣ мекунанд, бо нархи дандоншикан хона-қаср харидааст. Овозаҳои вирди номи ин ситораи синамо пайдошуда то куҷо ҳақиқат доранд?

Наталя Орейро чӣ мегӯяд?

Худи Наталя Орейро дар мусоҳиба бо журналистони шабакаи 5-ум аз муҳаббати бепоёнаш нисбати кишвари рус ҳарф зада иқрор шудааст, ки ҳанӯз аз овонӣ кӯдакӣ ба Русия меҳру муҳаббати хоса дошт.

“Ман шумо ва давлати шуморо дӯст медорам! Шояд ман ягона ҳунарманди Амрикои ҷанубӣ бошам, ки новобаста ба роҳи дурудароз аз синни 20-солагӣ сар карда, тез-тез ба ин кишвари азим сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳам. Ин чорумин сафари ман ба Русия аст. Аз ҳар сафарам бо худ як ҷаҳон хотироти ширин мебарам. Чунки мардуми рус маро сахт дӯст медоранд ва ҳамеша бо меҳру муҳаббати гарм истиқбол мегиранд...”

Милагрос дар Русия хона харид

Наталя Орейро овозаҳоро дар мавриди дар Русия хона хариданаш тасдиқ намуда, гуфтааст, ки дар ҳақиқат вай дар маркази шаҳри Маскав бо нархи дандоншикан манзили олиҷанобе харидааст.  Ситораи амрикоӣ мегӯяд, минбаъд ҳар гоҳ дилаш хост, метавонад бемалол ба Русия сафар намуда, бо мухлисони асилаш во хӯрад, консерт диҳад ва дар хонаи худаш бароҳат зиндагӣ кунад.

 

Духтарҳои рус писарамро қариб мехӯрданд!

Маъмулан Наталя Орейро дар тамоми сафарҳояш писараш Мерлинро бо худ мегирифт, аммо ин навбат сиора танҳо омада буд. Ҳунарманди машҳур дар сӯҳбат бо журналистон нимшӯхию нимҷиддӣ гуфтааст:

“Дафъаи гузашта ҳанӯз дар фурудгоҳ одамони зиёде моро гирд карда, бӯсаборон намуданд. Қариб буд, ки духтарҳо писарамро зинда ба зинда хӯранд. Пас аз бозгашт ба Ватан писарам танҳо дар бораи зебоии духтарони рус ҳарф зада, хоҳиш мекард, ки ба пуррагӣ ба Русия кӯчем. Аз ҳамин хотир дар ин сафарам ӯро бо худ нагирифтам. Метарсам, ки писарам ошиқи шайдои ягон русдухтар гашта, маро фаромӯш накунад. (Механдад)

 

Сирри зебоии “фариштаи ваҳшӣ”

Ёдрас мешавем, ки Наталя Орейро пас аз сериали “Фариштаи ваҳшӣ” якбора дар сар то сари ҷаҳон машҳур гашт. Филми мазкур дар бораи сарнавишти ятимдухтаре бо исми Милагрос нақл мекунад. Милагрос сағерадухтар бошад ҳам, бисёр ҷасур ва нотарс аст. Худованд ба ин духтараки бекас ҳусну ҷамоли беназир ато намудааст, вале бо сабаби аз тарбияи хонаводагӣ каме дур монданаш рафтораш ваҳшиёна буда, лақаби “фариштаи ваҳшӣ”-ро гирифтааст.

Силсилафилм мазкур бо забонҳои зиёде тарҷума шуда, дар зиёда аз 80-давлати ҷаҳон тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионӣ намоиш дода шудааст. Миллион одамон баъди тамошои ин филм ошиқи шайдои ин зебосанам гаштанд.

Сирри шӯҳрат ва маҳбубияташро дар байни мардум Наталя Орейро ба табассуми зебояш нисбат дода мегӯяд:

“Ҷозибаи ман дар лабхандам аст. Табассум яроқи буругест, ки натанҳо зебоии инсонро таҷассум мекунад, балки ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Хандаи зебо яке аз муҳимтарин унсурҳо барои хушбахтии зан мебошад...”

 

Наталя ва футбол

Наталя Орейро футболро бениҳоят дӯст медорад. Ин ситораи ҷаҳонӣ мухлиси тими футболи Уругвай «Рампла Хуниорс» буда, соли 2018 таронаеро бо се забон-русӣ, англисӣ ва испанӣ бо номи “Муттаҳидаи Ишқ” суруд, ки маҳз ба тими дӯстдоштааш бахшида шуда буд.

Консерти Наталя Орейро дар Маскав

Наталя Орейро ваъда додааст, ки ба наздикӣ дар яке аз бузургтарин ва машҳуртарин толорҳои Маскав барои мухлисони русаш консерти калон медиҳад, аммо санаи баргузории маҳфил ҳанӯз маъхлум нест.

alt


Шабнам Тоҳирӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД