arzon replenishment
Баррасии 1609 парванда дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон
180

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон 1609 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд мебошад.

Ин нукта зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зикр гардид.

Гуфта шуд, ки аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 863 парванда, истеҳсолот доир ба 80 парванда қатъ карда шуда, 2 парванда аз рӯйи тобеият ва 240 арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 158, дар суди марҳилаи назоратӣ 163 ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 8 адад парванда баррасӣ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ вайронкунии муҳлат бо 1 адад парванда ба амал омада, 13 санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ, 4 адал дар марҳилаи назоратӣ ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 3 адад санади судӣ бекор карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД