Dostoni ishqi man
Бемории шуш чаро шахсро азият медиҳад?
1230

 

Узвҳои навфасакашӣ аз дигар узвҳо дида пештар ба худ бемориҳоро қабул мекунанд. Зеро роҳҳои болои нафас манбаи воридшавии микробу вирусҳо ба бадани инсон мебошад.

Дар баробари калонсолон тифлон ва кӯдакон низ бештар ба бемории роҳҳои нафаскашӣ гирифтор мешаванд.

Кӯдакон аз калонсолон дида, ба вирус ва сироятҳо хеле осебпазир буда, зуд ба ин ё он бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд, ки ба воситаи роҳҳои нафаскашӣ махсусан бинӣ ба организми онҳо ворид мегардад. Дар ин замина Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ хабар дода буд, ки ба ҳисоби миёна кӯдакони хурдсол дар як сол то 8 маротиба аз бемориҳои шадиди роҳи нафас азият мекашанд.

Паст будани масъунияти бадан ва павастагии бештар бо шахсони беморӣ, аз сабабҳои асосии гирифтошавии шахсони солим ба бемориҳои мазкур мебошад. Дар ҳолати ворид шудани вирус ё сироятҳо ба бадан, организми шахс зуд аксуламал нишон дода, нишонҳои беморӣ аён мегардад.

Шарбати_сулфа_барои_дур_кардани_хориши_гулу,_сулфаи_норохаткунанда

Дар марҳилаи аввали сироятёбӣ муолиҷа карда нашавад, вирусҳо ба воситаи бронхҳо ба шуш ворид мегардад, ки ба ҳаёти минаъдаи шахс аз ҷумла кӯдакон хеле хатарнок аст.

 Сироят чист?

 Организмҳои патогенӣ ин бактерияҳо, вирусҳо ва занбӯруғҳоест, ки тавассути луобпардаи бадан ба организм ворид шуда, заминаи ба вуҷуд омадани ин ё он беморӣ мегардад. Узвҳои нафаскашӣ пеш аз ҳама азият мекашанд, зеро онҳо вазифаи муҳофизатии баданро иҷро мекунанд. Он вирусҳое, ки тавассутиоби даҳон, сулфазанӣ, атса задан ба атроф паҳн мешавад, ба воситаи роҳҳои болоии нафаскашӣ вориди бадан мегардад. Онҳо хусусияти нишонаҳои худро нишон додан надорад, вале бо паст шудани масъунияти бадан шумораашон дар организм бештар шуда, қобилияти муҳофизати кам мегардад ва одамро ба беморӣ гирифтор месозад. Маҳкамшавии бинӣ, рафтани оби бинӣ яке аз нишонаҳои аввалини бемориҳои сироятӣ аз ҷумла зуком мебошад. Ҳарорати бадан аз ҳисоби варам кардани ангенаҳо баланд шуда, беҳолатию бемадориро ба вуҷуд меорад. Дар ҳолати аҳамияти ҷиддӣ надодан ба ин нишонаҳо ҳолати шахси бемор вазнин шудан мегирад, ки баъдан ба бемориҳои шуш оварда мерасонад. Яъне агар дар ин марҳила мо ба истеъмоли маводҳои доругии таъиншуда шурӯъ накунем, сироятҳо дар организм ҷои худро ишғол карда, муддати дуру дароз беморро азият медиҳад.

 

Аз байн бурдани манбаи асосии сироят қадаме ба шифоёбии шахси бемор мебошад. Барои устувор будани ин қадам зарур аст, ки пеш аз ҳама масъунияти бадан баланд бардошта шавад. Масъуният бо ғизои солим ва маводҳои махсуси доруворӣ баланд кардан имконпазир аст. Барои амалӣ кардани ин тавсияҳо бо духтури оилавӣ муроҷиат кардан ҳатмӣ мебошад. Зеро онҳо тифли шуморо муоина карда, восбата ба марҳилаи беморӣ доруҳо таъин мекунанд, ки ҳолатҳои ногуворӣ беморатонро бартараф намояд.Солимии шумо орзуи ҳамешагии мост!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД