Arzon march 2024
Беморонро ройгон табобат мекунанд
354


40 нафар табибон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо “Корвони саломатӣ” ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуданд.

Давмои 3 рӯз онҳо сокинони шаҳру навоҳии ин вилоятро ба таври ройгон ташхис ва табобат хоҳанд кард...
“Корвони саломатӣ” бо муттахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ва мошинҳои махсусе, ки дар онҳо дастгоҳҳои навтарини тиббӣ насб карда шудаанд, дирӯз ба Бадахшон расид.

Аз 14 то 16 июн 40 нафар табибон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ростқалъаву Ишкошим маризонро ба таври ройгон ташхис ва табобат хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки “Корвони саломатӣ” бо мақсади расонидани ёрии тиббӣ ба сокинони навоҳии дурдасти кишварамон ташкил карда шуда, тариқи ин корвон табибони баландихтисос дар рӯзҳои муайян ба муроҷиаткунандагон машварат медиҳанд ва маризонро ба таври ройгон аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД