sebiston july new
Бенаслии мардона: сабабҳо ва роҳҳои табобати он
4477

 Кадом омилҳо боиси аз лаззати падар шудан маҳрум мондани мард мегарданд?

 Ману дӯстдоштаам пас аз шаш соли шиносоӣ бо ишқу муҳаббат хонадор шудем. Синну соли ҳардуямон аллакай ба 30 наздик шуда истодааст. Фарзандони ҳамсолонамон мактабхон шудаанд, вале аз тӯйи мо чанд сол гузашта бошад ҳам, нахли умрамон ҳеҷ бор намеорад. Падару модарам мехостанд маро зани дигар диҳанд, вале дилам ба ҳамсарам сӯхта, рад кардам. Занам чанд маротиба УЗИ карда бошад ҳам, табибон дар ӯ ягон иллат наёфтанд. Метарсам, ки фарзанддор нашуданамон бо айби ман аст. Илтимос, дар бораи сабабҳои безурриётӣ, хоса бенаслии мардона маълумот диҳед!

Шамшод, аз маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе.

                 Аз идора
 Шамшод ягона марде нест, ки бо ин масъалаи нозук ба мо муроҷиат намудааст. Комил аз маҳаллаи 103, Даврон аз ноҳияи Шаҳринав, Баҳрулло аз Ҳисор, Рустам аз Кӯлоб ва боз чанд нафари дигар ба идораи «Оила» занг зада, дарди дил намуданд, ки чандин сол боз хонадор бошанд ҳам, то ҳол калимаи ширини «дадаҷон»-ро аз забони фарзандашон нашунидаанд ва бефарзандӣ зиндагиашонро талх намуда, дар байни дӯсту душман эшонро сархаму малул месозад.

Чаро мард аз лаззати падар шудан маҳрум мегардад?-Бо ин савол мо ба мутахассис, духтури уролог-андрологи ММСР Рустам Одинаев муроҷиат намуда, хоҳиш кардем, ки дар бораи сабаб ва омилҳои безурриётии мардона маълумот диҳад.

          Танҳо зан гунаҳкор нест
Мо, тоҷикон як одати бад дорем, агар аз тӯйи писарамон 2-3 сол гузашта, соҳиби фарзанд нашавад, тамоми айбу гуноҳро ба гардани арӯс бор карда, дар ҷустуҷӯйи келини дигар меафтем, ҳол он ки соҳиби фарзанд нашудан метавонад бо айби мард бошад, на зан. Таҷрибаҳои тиббӣ нишон медиҳанд, ки дар 45%-и ҳолатҳо оилаҳои ҷавон бо сабаби ягон нуқсон доштани саломатии мард соҳиби фарзанд гашта наметавонанд. Барои он ки сабаби боровар нагаштани нахли умри ду ҷавон дақиқ шавад, зану шавҳарро лозим аст, ки ҳарду якҷоя ба духтур муроҷиат намуда, пурра аз ташхис гузаранд.

Оилаи ҷавон бо сабаби ягон иллат доштани бачадони зан ё маҳкам будани найчаҳои бачадон соҳиби фарзанд нагашта бошад, табибони занона аз пайи дармон мешаванд, вале дар сурати суст будани ҳаракати сперматозоидҳо ё камии онҳо мард бояд табобат бигирад.
         Аз худ марди мардон натарошед! 
Аксари мардҳо худро сафед карда мегӯянд: «Занам хуб медонад, ки ман ягон мушкил надорам, чунки дар бистар шери жаён ҳастам…» Онҳо гумон мекунанд, ки фаъол будан дар ишқварзӣ нишонаи марди мардон будан аст, вале дар асл чунин нест. Фарзанддор шудан ё нашудан ба қобилияти шаҳвонии мард не, ба сифати сперматозоидҳо ва суръати ҳаракаташон вобастагӣ дорад. Ҳамарӯза дар ҷисми мард ҳазорон сперматозоидҳо тавлид мешаванд, вале аз байни чандин ҳазор сперматозоид танҳо як ё дутоаш метавонад ба сарманзили мурод расида бо тухмҳуҷайраи занона пайвандад ва онро бордор созад. Мутаассифона, баъзе омилҳо ва бемориҳое ҳастанд, ки сифат ва суръати ҳаракати сперматозоидҳоро суст гардонида, монеи падар шудани мард мегарданд.

             Сабабҳои безурриётии мардона
 Сабабҳои безурриётӣ бисёранд, вале се омил дар байни мардон бештар ба назар мерасад:

  1. Солим набудани сперматозоид (қобилияти пасти ҳаётии онҳо)
  2. Камшавии шумораи сперматозоидҳо
  3. Вайроншавии ҷараёти ҳаракати сперматозоидҳо.

            Чаро мард аз лаззати падар шудан маҳрум мегардад?
 Даҳҳо омилҳое ҳастанд, ки боиси безурриёт шудани мард гашта метавонанд, вале мо танҳо чандтои онҳоро номбар мекунем.

  1. Варикосел-васеъшавии рагҳои тухмдони мард ва роҳҳои баромади сперматозоидҳо. Ин иллат боиси баланд шудани ҳарорат дар тухмдонҳои мард мегардад ва дар натиҷа сохт ва суръати ҳаракати сперматозоидҳо вайрон мешавад.
  2. Захм ва осебҳои гуногуни узвҳои мардона
  3. Бемориҳои сирояткунанда, хоса касалиҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд: гонорея, сифилис, хламидиоз, трихомониаз... Аз тамоми бемориҳои сироятӣ касалии свинка ба қобилияти наслгузории инсон таъсири бад мерасонад. Мард, агар дар давраи кӯдакиаш ба ин беморӣ гирифтор шуда бошад, баъди ба камол расидан бо мушкилоти бенаслӣ рӯ ба рӯ мегардад.
  4. Шамолкашии узвҳои ҷинсии мардона, аз ҷумла илтиҳоби ғадуди простата (простатит) ва роҳҳои пешобгузар (уретит)
  5. Вайроншавии раванди фаъолияти шаҳвонӣ.
  6. Мушкилоти иммунологӣ ва қувваи муҳофизатии организм. Бо сабаби паст шудани иммунитет дар ҷисми инсон баъзе моддаҳое пайдо шуда метавонанд, ки сперматозоидҳоро аз дарун мехӯранд ё сохту суръати ҳаракаташонро вайрон менамоянд.
  7. Вайроншавии сатҳи ҳормонҳо, хоса кам шудани ҳормони мардонаи тестостерон.
  8. Аз ҳад зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани бангдона, нашъа ва сигор.
  9. Баъзе дорувориҳо, аз ҷумла доруҳое, ки ба асаб ва майнаи сари инсон таъсир мерасонанд. (психотропние лекарства)
  10. Муҳити носолим ва риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ. Радиатсия, норасоии витамини С ва синк, ҳатто пӯшидани либосҳои тагпӯши аз ҳад танг метавонад мардро бе насл гардонад.

          Роҳ ба кӯйи мақсуд
Барои ҳал намудани мушкилоти бефарзандӣ пеш аз ҳама сабабҳои онро муайян намуда, сари вақт аз пайи табобат шудан лозим аст.

Аксари иллат ва бемориҳое, ки ба насл гузоштани мард монеъ мешаванд, табобатшавандаанд, вале барои ин мард бояд қавиирода бошад ва ҳеҷ гоҳ навмед нашавад. Илми тиб имрӯз бисёр пеш рафтааст ва бо усулҳои гуногун метавонад ҷуфтҳои оилавиро ба муроди дилашон расонида, соҳиби фарзанд гардонад. Роҳҳои маъмултарини ба мақсад расонидани шахсони ташнаи фарзанд инҳоянд:

1. Фаъол гардонидани кори тухмдонҳо тавассути доруворӣ.

2. Инсеминатсияи сунъӣ. (Ин усул дар ҳолати паст будани қобилияти шаҳвонии мард ва кам ё суст будани суръати ҳаракати сперматозоидҳо ба кор бурда мешавад.)

3. ЭКО-пайванди ҳуҷайраҳои насловари зану шавҳар дар шароити лабораторӣ ва баъдан аз шишачаи махсус (пробирка) ба бачадони зан кӯчонидани тухмҳуҷайраи бордоршуда.

            Навмед нашавед!
 Ба ғайр аз роҳҳои номбаршуда боз чандин усулҳои дигаре ҳастанд, ки мушкилоти бефарзандиро ҳал карда метавонанд, барои ҳамин мо ба мардоне, ки то ҳол лаззати падар шуданро начашидаанд, маслиҳат медиҳем, ки ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ навмед ва барои вайрон кардани ҳаёти оилавиашон саросема нашаванд. Илми тиб ҳазорон зану шавҳарони солҳо ташнаи фарзандро ба мақсуд расонидааст. Шумо ҳам бо дили гарм аз пайи табобат шуда, дер ё зуд калимаи ширини «дадаҷон»-ро аз забони фарзандатон шунида метавонед!

Рустам Одинаев, духтури уролог-андрологи ММСР

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Абдллох 2023-05-06, 03:38
Ба точики намедонам ба лахчави як тухм калон я тоаш майда чи бояд кард рохи табобат дар чист духтур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Абдллох 2023-05-06, 03:38
Ба точики намедонам ба лахчави як тухм калон я тоаш майда чи бояд кард рохи табобат дар чист духтур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД