Arzon march 2024
Беҳрӯз: Занам маро голубой баровард
4165

 

Аз рӯзе, ки аз Маскав омадам, бибию модарам гӯшу майнаамро бурданд. Як гапро маҳкам қапида “зудтар гап зан, ягон духтари таги чашм кардагӣ дошта бошӣ, хостгорӣ равем”, мегуфтанд.

Ҳарчанд эътироз мекардам, ки “ман ҳоло зангир нестам, аввал хонаю дарамонро соз кардан даркор, гирди ҳавлиро девор гирифта, дарвоза шинондан лозим”, ҳар ду бо як овоз мегуфтанд: «Ҳамаи инро баъд мекунӣ!» Бибиям, “ман як одами поям ба лаби гӯр расидагӣ, мурда монам, ормонҳоямро ба гӯр мебарам” –гӯён, оби дида мерехт. Билохира гиряву зориҳои онҳо диламро об кард. Майлаш гуфта ҳамроҳи ҷӯраҳоям аз пайи таъмири хона шудам.

 Маслиҳати зангирӣ

Аз байн ду ҳафта гузашт, дар ин миён таъмирро ба охир расондем. Шаб модарам палави бомаза пухту ман ҷӯраҳоямро ба зиёфат даъват кардам. Онҳо то нисфи шаб хандаю шӯхикунон барои мани зангир арӯс кофтанд. Яке духтари холаашро пешниҳод мекарду дигарӣ духтари аммашро, дар айни баҳсу талош Суҳроби ҳамсояамон холадухтарашро таъриф карда гуфт: «Духтари барф барин сап-сафед, қаду қоматаш ниҳоли навруста барин зебо, панҷ-панҷааш ҳунар, дӯзандаю пазанда аст…» Хандида гуфтам: «Ҷӯраҷон, хешдухтаратро чунон таъриф кардӣ, ки гӯё парии куҳи Қоф бошад!» Бачаҳо қоҳ-қоҳзанон хандиданд ва бо ман хайрухуш карда рафтанд. Онҳоро гусел карда дидам, ки дари утоқи хоби бибиам ҳанӯз кушода аст. Ба наздаш даромада, дар бораи арӯси ёфтаи Суҳроб гап кушодам. «Надонам, агар Суҳроб розӣ шавад, рафта дидан лозим»,- гуфт бибиам, вале модарам эътироз намуда гуфт: «Аз ин қадар роҳи дароз арӯс овардан беақлист, беҳтараш аз ҳамин наздикиҳо ягон духтари хубро ёфтан даркор…”

 Аз кашмакаши замона дилгир моем,

Ҳайрони навиштаҳои тақдир моем.

Рӯзи дигар ба Суҳроб гуфтам, ки модарам розӣ нашуд. «Ошно, наход ту мард шуда барои дупула гап ҳамин хел духтари зеборо аз даст диҳӣ» гӯён, маро мазаммат кард. Дудила шудам. «Агар хоҳӣ, фардо меравем, маъқул шавад хуб, нашавад паноҳат ба Худо»-гӯён, Суҳроб шайтон барин маро васваса карда дар дилам шавқи дидори он арӯси таърифиро бедор намуд.

 Арӯсбинӣ

Холаи Суҳроб моро хуб пешвоз гирифт. Ба хона даромада болои кӯрпачаҳои махмалини мулоим нишастем. Соҳибхона дар наздамон дастурхони пурнозу неъмати шоҳона густурд. Хӯрок мехӯрдаму ду чашмам сӯи дар буд, ки кай он париро медида бошам. Ногоҳ дар кушода шуду духтари зебое чойнак дар даст даромад ва боодобона салом дода, чойнакро монду ба қафо баргашт. Аз ҳаракатҳояш маълум буд, ки Суҳроб кайҳо ҳама гапро ба ӯ расондааст, агар чунин намебуд, холадухтараш ин қадар нозу карашма намекард ва худашро мисли актрисаҳо орою торо намедод. Ҳангоми хайрухуш Суҳроб ба маънии хайр чӣ хел, арӯс маъқул шуд ё не, ба сӯйи ман чашмак зад. Вақте гуфтам, ки модарамро ба хостгорӣ мефиристам, ӯ аз завқ чапак зад: “муборак бошад”!

 Базми висол

Аз байн як моҳ гузашту тӯйи мо барпо шуд. Он рӯз гӯё тамоми маҳалла тӯй дошт. Ҳама шоду хандон даву тоз доштанд. Тӯдае аз занҳо нону кулча мепухтанд, бачаҳо ҷамъ шуда ҳезум мекафонданд. Дар ҳар гӯшаи ҳавлӣ ҳар кас ба ҳар кор овора буд. Азбаски то хонаи арӯс роҳ бисёр дур буд, мо бегоҳ ба роҳ баромада, шабро дар хонаи як хешамон гузарондем. Субҳ арӯсро никоҳ карда қарибиҳои бегоҳ ба деҳа расидем. Раҳораҳ кӯдакон ба паҳлӯи мошинҳо часпида хурсандона медавиданд. Ба хона расидан замон, ҳофизон суруди

Шаҳҷони ҷон, хуш омадӣ,

Мирзои ҷон, хуш омадӣ,

Шаҳ омаду маҳ омад

Шаҳи рафта боз омад-ро сар карданд. Моро ба сари тахт бурда рост монданд. Ёру дӯстон хоку чанги ҳавлиро ба осмон бардошта мерақсиданд. Аз сару рӯям арақ мерехт. Ҳоли маро дида модарам аз домулло хоҳиш кард, ки дар ҳаққи навхонадорон дуои нек кунад, то арӯсу домодро ба хона дароранд. Домулло ба мо зиндагии ширину хонаи сербача ва умри дароз хосту хешу табор рақсу бозикунон келинро ба хона дароварданд. Бо сад умеду орзуҳои ширин, ба хотири рӯзҳои неку зиндагии нав, аз дасти арӯсам дошта ба хона даромадам, вале…

 Макри арӯс

Хешу табор бо дугонаҳои арӯс аз хона баромада моро танҳо гузоштанд, то бо ҳам рози дил бигӯем. Хоҳарам чойи гарм овард. Як-ду пиёла чой нӯшидаму ба арӯс шӯхикунон гуфтам: «Занакҷон, то саҳар ҳамин хел мешинем? Рӯзи дароз монда шудем, бин ҷойгаҳро андохтаанд, биё ҳардуямон дароз мекашем…» Дар ҷавоб ҳарфе ба забон наовард. Инро аз шарму ҳаё пиндошта аз ду китфаш дошта арӯсро ба сӯи худ кашидам. Аз бӯйи хуши танаш сарам чарх зад, ба рухсораҳои гулгунаш назар карда сармаст шудам, хостам аз лабони чун ғунча зебояш бӯсае бигирам, вале арӯсро гӯё барқ зада бошад, худро ҷонҳавл аз ман дур кашид. Ҳайрон шуда гуфтам: «Ба ту чӣ шуд? Натарс азизам, азиятат намекунам, фақат туро ба оғӯш мегираму халос…» Дастамро ба гарданаш ҳалқа карданӣ шудам, арӯс девонавор аз ҷояш парида хест ва дод зад: «ба ман наздик нашав, мумкин нест!» Шунида будам, ки баъзан шаҳу арӯс пас аз маъракаи тӯяшон гирифтори бемории васваса, яъне ҷинзада мешаванд, тарсидам, ки мабодо ба арӯси ман ҷин ёр нашуда бошад. Ба зорӣ даромадам: «хоб кун, ман ба ту даст намерасонам…» Арӯс каме ором шуд. Рӯямро сӯи девор гардонда хоб рафтам.

Шаби дигар ҳам ин ҳодиса такрор шуд, шабҳои сеюму чорум низ, дилгир шуда, шаби панҷум зӯран арӯсро ба ҷогаҳ кашидам. “Хоҳӣ нахоҳӣ, имшаб бо манӣ” гуфта нав даст ба пайкараш бурда будам, ки арӯс ҷаста сӯйи дар давид. Хайрият ки дар маҳкам буд, набошад бо ҳамон ҳол ба ҳавлӣ баромада, маро шарманда мекард. Бо як азоб ӯро ором карда, сабаби ҷиннигиашро пурсон шудам. Гуфт, ки бемор аст. Ҳайрон шуда гуфтам! «Рангу рӯят нағз, табат нест, о ту чӣ хел беморӣ?» Ҷавоб надод. Дар қаҳр шуда боз рӯямро сӯйи девор гардондаму хоб рафтам.

Субҳ хандаи духтарон маро аз хоб бедор кард. Либосҳоямро пӯшида ба ҳавлӣ баромадам. Ҳама ба ман бо шубҳа нигоҳ карда, саволи аҳмақонаи «шерӣ ё рӯбоҳ»-ро медоданд. Намедонистам чӣ гӯям. Ин хандаҳои тамасхуромез барои мани ҳанӯз ба коми дил нарасида «болои сӯхта намакоб» буд.

Дареғо тири ишқам хато рафт,

Куҷо буду куҷо шуду куҷо рафт.

Боз шаб фаро расиду ба хонаи хобам даромадам. Арӯс ҳар чизро баҳона карда гоҳ сару либосашро ҷой ба ҷой мекард, гоҳ назди оина менишаст, ҳамаи инро дида хун ба сарам зад, ӯро зӯран ба ҷойгаҳ кашида хостам ба он чизе, ки чанд шаб интизориаш мекашам, расам, вале ӯ худро мисли мори захмхӯрда ин тарафу он тараф ҳаво дода, ҳеҷ имкон намедод, ки ман дурри мақсудамро ба даст биёрам. Аз қаҳру ғазаб ба рӯяш ду шаппотӣ зада гуфтам: «Росташро гӯй, ягон нағздида дорӣ ё ягон балои дигар, набошад худи ҳозир ман бо ҳамин ду дастам туро буғӣ карда мекушам! Агар аз аввал маро намехостӣ, барои чӣ бо ишваю ноз маро девона кардӣ? Акнун ману ту зану шавҳар шудаем, чаро маро ба худ наздик шуда намемонӣ? Гап зан, набошад мекушамат!» Чашмони арӯс пури ашк шуданд, базӯр пичиррос зад: «Ман беморам. Гулдоман шудагӣ. Ин як касалии занона аст ва то нагузарад, наздикӣ кардан мумкин нест. Бовар накунӣ, аз модарат пурс…» Мани сари калобаамро гум карда намедонистам чӣ кунам, ночор арӯсро раҳо карда боз болиштро оғӯш карда хобидам… Саҳар аз хоб хестам, намехостам бо касе рӯ ба рӯ шавам. Модарам дарро тақ-тақ карда ба хонаи хоби мо даромад ва маро ҳанӯз дар даруни ҷогаҳ дида шӯхӣ кард: «Эй, ин шаҳбачаи маро арӯс зӯр овардай, ки аз ҷояш намехезад…» Ҳазли модарам мисли тир аз устухонам гузашт. Рӯй турш кардани маро дида, модарам дар наздам нишаст ва хавотиромез пурсид: «Бачам чӣ гап аст? Парешон метобӣ, рангу рӯят кандагӣ, ҳолатат он қадар хуб наметобад. Ягон ҷоят дард мекунад?» Нигоҳамро гурезонда гуфтам: «Очаҷон ҳолам хуб, вале як савол дорам, илтимос, шарм надошта росташро бигӯ, гулдоманиаш чӣ хел касалӣ аст?» Модарам лаб газида гуфт: «Ин як бемории одии занона асти. Исто, ки ту барои чӣ ин саволро дода истодаӣ? Магар арӯсат гулдоман шудааст?» Вақте ки бо баҳонаи ҳамин беморӣ то ҳол ба васли ҳамдигар нарасидани моро шунид, модарам ба андеша рафта гуфт: «Ин духтар ягон бало доштагӣ барин, ғам нахӯр бачаҷон, ман як «разведка» карда мефаҳмам, ки арӯсат дар ҳақиқат касал аст ё баҳона меҷӯяд”.

 Сирри фошгашта

Модарам мисли чекистҳо дар ҳама ҷо одамҳои худро монда аз қафои арӯси ҳилагар шуд. Аз зуд-зуд омадани холааш ба шубҳа афтиданд. Арӯс ба холааш гуфтааст, ки “барои ман дору биёр, агар наёрӣ, шарманда мешавем”, хоҳарам ин гапро шунида дарҳол нарезондаю начаконда онро ба модарам гуфтааст. «Ана гап чӣ будааст, онҳо бачаи маро гулу гумроҳ карданӣ» гӯён, худи ҳамон шаб модарам маро зӯран ба назди арӯс дароварда таъкид намуд, ки бо кадом роҳе набошад, ҳатман коми диламро рабуда баъд аз хона бароям. Арӯс мисли шабҳои гузашта баҳона ҷуста ин тарафу он тараф мерафт, магнитофонро баланд мондам ва дарро қулф карда, ӯро зӯран ба бистар хобондам. Доду фиғони бисёре карда бошад ҳам, заррае ба нолаву фарёдаш аҳамият надода, вазифаи худро ҳамчун мард иҷро кардам ва аз ҷоям бархоста чароғро равшан намудам. Арӯс дар таҳлука афтода гуфт: «Барои чӣ чароғро равшан кардӣ? Зуд хомӯш кун, ки ягон кас моро набинад!» «Шармандагиро бояд барвақт фикр мекардӣ…» Аз доду фарёди ман ҳама хонагиҳо ҷамъ шуда, чӣ гап шуданашро пурсиданд. Бо алам гуфтам: «Ин арӯси ҳилагарро аз хона дафъ кунед!»

 


 

Шавҳараш баҳудаю беҳуда ӯро зери мушту лагад гирифта, азоб медод, хушдоманаш низ Ҷаҳонгулро чашми дидан надошт ва сояи келинро мудом аз девор метарошид. 


Мо сайд накардем, шикор охир шуд,

 

Мо шаҳд нахурдем, хумор охир шуд,

Мо сайр накардем ба гулҳои чаман,

Як гул нагирифтем, баҳор охир шуд.

Модарам ба волидони арӯс занг зада, буду шуди гапро гуфту онҳо шабошаб омада духтарашонро бурданд.

 Туҳмат

Рӯзи дигар дар деҳа овоза паҳн шуд, ки бо шуниданаш мӯйҳои сарам рост хестанд, гӯё аз дасти ман ҳеҷ кор намеомадааст. Ба кӯча баромада наметавонистам, фикр мекардам, ки ҳама ба ман нигоҳ карда механданд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, Суҳроб бо модараш ба ҳама ҳамсояҳо гуфтаанд, ки ман бачабоз будаам, барои ҳамин хешдухтари онҳоро бо туҳмат аз дар берун кардаам, ки сиррам фош нашавад. Аз фикру хаёл сарам ба дард омад, худро ба ҷойгаҳ андохтам, то каме хобам бараду дарди сарам сабук шавад. Аз хонаи дигар овози бибиам меомад, ӯ худро дуою мазаммат мекард, гаштаю баргашта мегуфт, ки “ҳамааш гуноҳи ман, орзую ормонамро дида аз дунё гузарам гуфтаму ҳаёти набераамро сӯзондам”. Модарам ҳарчанд тасаллояш медод, ки ин ҳама насибу тақдир аст, кампир ҳеҷ ором намешуд. То нисфи шаб аз фикру хаёли бисёр хобам набурд. Ба ҳавлӣ баромадам, то каме ҳавои тоза хурам. Назди рӯдчае, ки аз назди ҳавлиамон мегузашт, нишаста ба об нигоҳ кардаму дар он акси моҳу ситораҳоро дидам. Саргарми тамошои ин манзара будам, ки баногоҳ дар даруни об акси Суҳробу ҷӯраҳояш пайдо шуд. Онҳо ба ман нигоҳ карда механдиданд. Бо ду дастам сарамро дошта сӯи оғил давидам. Бандеро ёфта ба гарданам ҳалқа намудам. Ба марги ман як нафаси дигар монда буд, фақат курсӣ аз таги поям он сӯ мешуду халос, агар модарам пайдо шуда, доду фарёдкунон курсиро ба оғӯш намегирифт, ман абадан ин дунёро тарк мекардам. Аҳли оила доду фарёди модарамро шунида тозон ба ҳавлӣ баромаданд ва ба оғил даромада маро аз чӯбаи дор раҳо намуданд. «Ту духтар набошӣ, ки обрӯят резад. Мард ҳастӣ, зан қаҳт назадааст, инаш нашуд, дигарашро мегирӣ» гӯён, хеле насиҳатам карданд, вале ин суханон ба дардам даво шуда наметавонистанд. Гиря кардам, барои орзуву ҳавасҳои барбодрафтаам то саҳар гиря кардаму субҳ либосамро ҷамъ карда сӯи Маскав равон шудам.

 Занқимоб

Аз байн панҷ сол гузашт. Ёди модар, ёди додару хоҳараконам оромам нагузошту ба Ватан баргаштам. Аз омаданам чанд моҳ гузаштааст, вале ҳеҷ ғайратам намерасад, ки зан гирам. Сабақи талхи издивоҷи бебарорам намегузорад, ки ман дуюмбора зан гирам. Ниёз ба маслиҳати хонандагони азизи «Оила» дорам. Худоё, роҳе нишонам деҳ, ки дилам ба зиндагӣ гарм шавад!

Дил, ки ранҷад аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,

Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.

Шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон,

Пеши бедардон гиребон пора кардан мушкил аст.

 Беҳрӯз

Таҳияи Зулайхо Ҷалолова

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД