19-уми август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ноҳияи Рашт бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шудааст.
Бино ба иттилои Академияи миллии илмҳо, Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни озмун суҳбат намуда, ҳакамонро даъват намудааст, ки ба донишу малакаи довталабони озмун ба таври шаффофу одилона баҳо гузоранд.
Таъкид гардидааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр имтиёзҳо фароҳам оварда, довталабони соҳибистеъдод ва забондонро барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.
Озмун то 21-уми август идома ёфта, дар он довталабон аз ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод иштирок доранд.
Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханварию сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.