formula
Ҳайвоне, ки дар баданаш оллоҳ навишта шудааст, муқаддас аст?
2867

 

Солҳои охир ходисахои дар тухм, санг, дар бадани одамон ва ҳатто дар тани ҳайвонот пайдо шудани навиштаҷоти «Оллоҳ” ва “Муҳаммад» тез-тез ба гӯш расида, боиси ҳангома дар байни мардум мегарданд.

Яке ин падидаҳоро нишонаи охирзамон мешумораду дигарӣ бар он андеша аст, ки Худованд бо хамин восита бандагонашро ҳушдор додан мехохад, ки Ӯ ба ҳар кор қодир аст, то мардум тавба карда, тарки гунох намоянд. Бахсу мунозирахо дар боби хайвонот, тухм ва дигар чизхое, ки навиштачоти оллох ва Мухаммад доранд, хеле зиёданд. Аксарият мегуянд хурдани гушти хайвоне, ки дар танаш навиштачоти “Оллох” ва “Мухаммад” дорад, раво нест, зеро хар чизе, ки ин исмхои покро дорад, мукаддас махсуб меёбад, аммо намояндагони раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ин акидаро чонибдор нестанд. Масъулини Маркази исломӣ мегӯянд аз ҳайвон ё сангу чӯбе, ки дар он номи Худову паёмбараш Муҳаммад (с) нақш бастааст, набояд муқаддасот сохт ва ба он эътиқод кард. Ба кавли донандагони нозукиҳои илми илоҳӣ куштану хӯрдани гӯшти ҳайвоне, ки дар баданаш калимаи “Аллоҳ” ё “Муҳаммад” навишта шудааст, аз нигоҳи ислом раво аст. Танхо баъди куштан, пӯстеро, ки чунин навиштаҷот дорад, зери по наандозанд, чунки ин як навъ таҳқири номи Худо ва Расули ӯ мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД