Имрӯз, 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тавааҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст.
Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.