arzon replenishment
Бибиҳоҷии беимон
14.10.2019
Дилошӯб
4771

-Холаи Майсара аз зиёрати хонаи Худо омадааст, ба зиёраташ намеравем?-Хабар овард, ҳамсояи рӯ ба рӯямон Зиёда.
-Аз он дунё омада бошад ҳам, ман ба зиёрати Майсара намеравам,-гуфтам бо нафрат ва дарро пӯшида ба хона даромадам.
Эҳтимол шумо гумон кунед, ки ман аз рашку ҳасад ба зиёрати ҳамсояи ҳоҷибибӣ шудаам нарафтам, вале дар асл чунин нест. Гуноҳе, ки Майсара содир намуд, аз чорчӯбаи одобу ахлоқи одамӣ берун буда, дар дар назди Худованд яке аз гунаҳҳои кабира маҳсуб меёбад. Майсара сад бор ҳоҷӣ шавад ҳам, шахсан ман ҳаргиз ӯро ҳурмату эҳтиром намекунам, зеро:
Ашки зиёди зоҳидон, рехт ба Хонаи Худо,
Қаъба ба масҷид афканад, тифли ҳаромзодаро….

Майсара дар оилаи камбағале ба дунё омада буд, ки нонашонро ба зӯр ёфта мехӯрданд. Падараш модари Майсараро талоқ дода зани дигар гирифта буд. Дар деҳот мардум кӯшиш мекунанд, ки духтари ба қавли маъмул бо аслу насаб, яъне дар оилаи комил ба воя расидаро келин кунанд, аз ҳамин сабаб касе бо нияти хостгорӣ дарихонаи модари Майсараро намекӯфт.

 


Муддати бист сол мешавад, ки бо тиҷорат машғулам. Хонаву дари обод ва зану фарзандони гул барин зебо дошта бошам ҳам, мисли аксари мардони пулдор дилам ҳаваси зани ҷавон карду худро бо дасти худам гирифтори доми бало сохтам.

J3pF1WzHV1jT0HNCAeIgwHqqATO5oUru4yVWwLW8


 

Модари Майсара чандон парвои пирдухтар шуда мондани духтаронашро надошт, чунки худаш барвақт ба шавҳар баромада, рӯзу рӯшноӣ надид ва оқибат бева монда, ба як пули пучак зор шуд. Вай мехост духтарҳояш ба умеди нони шӯ нашуда, хонанд, соҳиби касбу кор гарданд ва дар зиндагӣ ба касе зор нашаванд. Апаи калонии Майсара ба донишгоҳи омӯзгорӣ, ду апаи дигараш ба омӯзишгоҳи тиббӣ ва Майсара ба омӯзишгоҳи маданӣ–равшаннамоӣ дохил шуд. Хоҳарон ҳам мехонданду ҳам кор карда ба модарашон кам-кам ёрӣ мерасониданд. Майсара баъди хатми омӯзишгоҳ дар мактабе ба сифати китобхоначӣ ба кор даромада, дар ҳамон ҷо бо писари раиси ноҳия Асад шинос шуд. Писари раиси ҷавони хушқаду қомати босавод буда, ба мактаб таҷрибаомӯзӣ омада буд. Ба дили тамоми духтарҳои синфҳоиболоӣ ва ҳатто баъзе муаллимаҳои ҷавон бо омадани Асад оташ афтида, дар гирди ин ҷавони сарватманд тортанак барин тор метаниданд, аммо ҳамаи зебосанамҳоро пушти по зада, Асад ба китобхоначӣ-Майсараи сиёҳаки камбағалак ошиқ шуд. Ишқи писари раис ба Майсараи безебак ҷандапӯш, ки фасончаҳои мактаб бо ӯ гап заданро ба худ ор медонистанд, ҳамаро дар ҳайрат овард. Раис ва занаш низ аз интихоби писарашон розӣ набуданд, аммо Асад, ки аз дилсӯзӣ ба Майсара дил баста буд, ду пояшро ба як мӯза андохта, волидонашро маҷбур кард, ки ба хонаи онҳо хостгорӣ раванд.
Ҳвамин тавр дар байни ду моҳ тӯйи боҳашаммате ороста, писари раис арӯсашро ба хона бурд. Баробари баромадани чиллаи арӯсиву домодиашон раис ба писараш ҳавлии зебое харида, зиндагии навхонадоронро ҷудо кард.
Буҷули Майсараи бенамуд баъди келини раис шудану соҳиби хонаи алоҳида гаштан асп хеста, назараш одаму оламро намегирифт. Арӯсаки камбағал чеҳраи аслии худро ба хешу табори шавҳар нишон дода, ба онҳо рӯйи хун намедод. Оҳиста-оҳиста пайвандони Асад пою қадами худро аз хонаи ӯ канданд. Акнун ба хонаи онҳо танҳо модару хоҳарони Майсара меомаданд, вале Асад саргарми ҳимояи рисолаи номзадӣ ва дигар корҳои худ вақти дар ин бора фикр кардан надошт.
Солҳо турнасон гузаштанду онҳо соҳиби чаҳор фарзанд шуданд. Дар ин миён Асад аввал номзади илм, баъд доктор шуд. Маъмурияти донишгоҳ ба ӯ хонаи чорҳуҷрадори барҳавое доданд. Майсара акнун тобистон дар ҳавлию тирамоҳу зимистон дар шаҳр зиндагӣ мекард. Вай акнун он Майсараи уболаки пешина набуд, ба ҳар ангушташ дутогӣ ангуштарини тиллоӣ гузаронда, худашро аз ҳама як сару гардан боло мегирифт.
Бо шарофати шавҳараш ба қатори одамон даромада бошад ҳам, вай Асадро ба як тини пуччак намегирифт. Асади табиатан нармдил одами бообрӯ бошад ҳам, дар зери юғи ғуломии зани бадрӯяш монда, бармаҳал пир шуда буд. Фарзандонаш беэътиноии модарро дида, падарашонро тамоман писанд намекарданд. Барои зану бачаҳояш Асад танҳо як ризқрасон буду халос.
Баъди ба нафақа баромадан Асадро аз хона ба айвон бароварданд, зеро акнун вай барои зану бачаҳояш як дарди сари зиёдатӣ шуда буд. Майсара бо шавҳараш ҳатто гап намезад. Келинаш гоҳ-гоҳ пинҳонӣ ба мӯйсафед косаи хӯроке дароз карда, ба ғазаби хушдомани золим гирифтор мегашт. Ҷони Асадро ҳамсояҳо хариданд, вагарна мардаки бечора аз гуруснагӣ ҷон ба ҷонофарин месупурд.
Хулоса, оқибат кор ба ҷое расид, ки Майсараи кӯрнамаки хубобехабар шавҳарашро ба хонаи бесоҳибон бурда супурд. Ҳамсояҳо кунҷковӣ карда дар куҷо будани шавҳарашро пурсанд, Майсараи дилаш аз рӯяш сиёҳтар бо зарда мегуфт:
-Ба ноҳия, хонаи хешу табораш рафтагӣ!
Имрӯз ҳамин Майсараи шавҳарбезор бибиҳоҷӣ шудааст ва бо забони дароз ба занҳои ҳамсоя аз гӯру қиёмат нақл карда, ҳамаро насиҳат мекунад, ки хизмати шавҳарро адо намудан барои зани мусалмон воҷиб мебошад, зеро биҳишти зан дар кафи пойи мард аст. Аз бандаҳои булаҷабат гардам Худоё!
Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Шерпур 2019-10-14, 17:56
Магар хаминхо вокеи хастанд?
Посух
кенчабой рахимов 2019-10-14, 18:30
Ин маколаро хондем ва хулосаамонро чунин иброз медорем шумо бояд майсараро зиерат мекардед барои он ки дасту по пешони ва дигар узвхои бадани ин шахс дар сангу хокхоеки худову пайгамбарамон он чойхо гаштаанд расидааст шумо аз барои худо бояд зиерат мекардед майсара барои бехурмати нисбати шавхараш фардо чавоб хохад гуфт
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Шерпур 2019-10-14, 17:56
Магар хаминхо вокеи хастанд?
Посух
кенчабой рахимов 2019-10-14, 18:30
Ин маколаро хондем ва хулосаамонро чунин иброз медорем шумо бояд майсараро зиерат мекардед барои он ки дасту по пешони ва дигар узвхои бадани ин шахс дар сангу хокхоеки худову пайгамбарамон он чойхо гаштаанд расидааст шумо аз барои худо бояд зиерат мекардед майсара барои бехурмати нисбати шавхараш фардо чавоб хохад гуфт
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД