Formula novemver 2024
Ҳилол Алтинбелик: Ману Анҷелина Ҷолӣ апаву хоҳарем, лекин...
2634

 

Даричаи ошноӣ
Ному насаб: Ҳилол Алтенбелик.

Санаи таваллуд: 21 январи 1991.
Макони таваллуд: Измир.
Касб: ҳунарпеша.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад.

Ҳунарпешаи ҷавон Ҳилол Алтенбелик айни замон яке аз зеботарин ва дурахшонтарин ситораҳои синамои турк ба шумор меравад. Ҳилоли паричеҳра бо чашмони сабзи дурахшонаш дили миллионҳо нафар дӯстдорони филмҳои туркиро рабудааст. Ин духтараки нозукандом ҳанӯз аз овони мактабхониаш дар театр фаъолият менамуд. Нозукиҳои касби актёриро ин зебосанам дар мактаби драммавии Алӣ Ҳайдар дар шаҳри Измир омӯхта, баъдан солҳои 2009 то 2010 курсҳои омӯзишии студияи “MSM Actor Stuio”-ро хатм намудааст.

Инак, мусоҳибаи яке аз рӯзноманигорони туркро бо ин паричеҳраи ҳунарманд, ки дар кишвари мо ҳамчун Узлем машҳур аст, пешкаши хонандагони “Оила” мегардонем.

-Айни замон силсилафилмҳоятон аз зумраи сертамошобинтарин филмҳои туркӣ ба шумор мераванд, аммо мухлисон дар бораи шумо ба ҷуз ному насаб ва макони таваллуд қариб чизе намедонанд. Каме дар бораи худатон маълумот медиҳед?
-Ман 27- сола ҳастам, лекин хислатам нав мукаммал шуда истодааст. Пештар дар бораи пайомадҳои рафторам тамоман фикр намекардам. Метавонистам ба осонӣ аз баҳри ҳама чиз бароям, вале ҳоло комилан инсони дигар шудаам.

-Чӣ боиси ин гуна тағйирот гашт?

-Падарам мубталои бемории саратон гашт. Падари ман бисёр одами қавиирода аст ва новобаста ба тамоми мушкилиҳо зиндагиро хеле сахт дӯст медорад. Бемории вай назари маро ба ҳаёт тағйир дод ва бисёр чизҳоро дарк мекардагӣ шудам. Падарам руҳи мубориз дорад ва ман умедворам, ки мо бар саратон ғолиб меоем.

-Воқеан, мегӯянд, ки волидайнатон ҳанӯз дар овони кӯдакии шумо аз ҳам ҷудо шудаанд...?

-Модари ман соҳибхоназан буд, падарам бошад, дар як ширкати сайёҳӣ ба ҳайси роҳбалад кор мекард. Вақте ки онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, ман ҳамагӣ 3- сола будам. Ман бо падарам мондам ва ба хотири ман шуда, вай дигар зан нагирифт. Ҷавониашро, ҳаёташро танҳо ба тарбияи ман бахшид падарам, модарам бошад шавҳар кард.

-Дар тарбияи падар бузург шудан барои духтар душвор нест?

-Албатта барои тифл ҷудоӣ аз яке аз волидайн бисёр мушкил аст. Буданд ҳолатҳое, ки дили мани аз меҳри модар сер нашуда гум мезад ва ашк мерехтам, аммо падарам зиёд меҳрубон буд ва ҳеҷ гоҳ имкон намедод, ки дурудароз ғам хӯрам.

-Бе модарӣ ба руҳияи шумо таъсир накард?

-Албатта таъсир мекунад, вале ба гумонам аз сар гузаронидани фоҷеи шахсӣ ба ҳунарпеша ёрӣ мерасонад, ки нақшҳои драммавиро бисёр табиӣ офарад. Ман аз кӯдакӣ чӣ будани дарди ҳиҷронро дар ҷони худ эҳсос кардаам, шояд аз ҳамин сабаб дарди қаҳрамонҳоямро дард мекунам ва тасвир карда метавонам.

-Муъҷизае рӯй медоду дубора ба дунё меомадед, чиро дар ҳаёти худ дигаргун менамудед?

индагиро аз сар бигирам ҳам, ман ҳаргиз дар ҳаётам чизеро тағйир намедодам ва боз бо падарам мемондам.

-Чаро бо модар неву бо падар?

-Барои он, ки барои ҳар духтар дарк ва эҳсос намудани муҳаббати падар бисёр муҳим аст. Ман тамоми умр бо ин муҳаббат бузург шуда, бузургии меҳри падарро дар мағз-мағзи устухонам эҳсос кардаам. Вақте духтар бе муҳаббати падар бузург мешавад, як умр худашро ноқис ҳис карда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи муҳаббати мардҳо мегардад. Муҳаббати падар маро аз ин чиз дур нигоҳ медорад ва дар интихоби марди ҳақиқӣ бароям ёрӣ мерасонад.

-Аз нигоҳи аввал шумо як зани бисёр хашмгин ва беҳис менамоед. Дар асл чунин аст?

-Ман бо наздиконам ва онҳое, ки дӯсташон медорам, бисёр меҳрубону нармгуфтор ҳастам, аммо бо онҳое, ки намешиносам ё ба ман маъқул нестанд, сард рафтор мекунам. Сабабаш дар он аст, ки дунёи онҳоро хуб дарк карда наметавонам.

-Дурӯғ мегӯед? Умуман назаратон нисбати одамони дурӯғгӯй чӣ гуна аст?

-Ман тарафдори дурӯғгӯӣ нестам, аммо баъзан аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ мекунам. Дар баъзе ҳолатҳо ҳақиқатро надонистан беҳтар аст. Ба андешаи ман инсон бояд аз гуфтани гапи росте, ки метавонад дили касеро ғамгин созад, худдорӣ намояд.

-Вақте ба шумо бозидани нақши қаҳрамонеро мефармоянд, ки 50-60 сол ва ё як аср пеш зиндагӣ кардааст, ба даҳшат намеафтед?

-Не, чунки дар бораи он солҳо бо бибиам ва падарам бисёр суҳбат кардаам ва хеле чизҳоро медонам, махсусан дар мавриди ишқу ошиқии он замонҳо. Ишқи поке, ки он вақтҳо вуҷуд дошт, бадбахтона дар замони мо вуҷуд надорад.

-Бозидани кадом саҳнаи филм бароятон аз ҳама мушкилтар буд?

аҳнаи ҳамхобагӣ бо Дамир. Вақте каси дигареро дӯст медорӣ ва маҷбур ҳастӣ, ки ба оғӯши марди дигаре дароӣ, ин хеле мушкил аст. Ман бисёр эҳсосиву парешонхотир шуда будам, аммо суҳбат бо режиссёр ва продюсери филм маро ором кард ва ин саҳнаро бозидам.

-Аксари одамон аз пеши роҳашон баромадани гурбаи сиёҳро фоли бад мешуморанд. Шумо ба чунин ақидаҳо бовар доред?

-Ман ба хосияти рақамҳо боварӣ дорам, масалан рақамҳои 3, 6,9 бароям бисёр муҳим ҳастанд. Вақте банаворгирии филм дар дигар шаҳр мегузарад, мо дар меҳмонхона меистем ва дар рақами ҳуҷраи ман ҳатман бояд яке аз рақамҳои мазкур мавҷуд бошад.

-Ин рақамҳо ба ишқу муҳаббат низ ягон таъсир мерасонанд?

- Бале, ман ҳатман ба рӯзи шиносоӣ аҳамият медиҳам ва вохӯриҳои минбаъдаро бо мувофиқа ба ин 3 рақами писандидаам таъин мекунам. Бароям ҳатто санаи рӯзи таваллуд бисёр муҳим аст.

-Боз чӣ хислатҳои аҷиб доред?

обҳои дидаам ҳатман амалӣ мегарданд. Як муддат режиссёри шинохта Чаган Ирмакро қариб ҳар шаб хоб медидам ва дере нагузашта, дар филми ин коргардони машҳур «Дети доверенные тебе» нақш бозидам.

-Ошиқ шудаед? Чанд шоҳзода дар гирди шумо давр мезанад?

ввалин бор дар 24 солагиам сахт ошиқ шудам ва аз ин ишқ дар дили ман танҳо захмҳои бешумор боқӣ монданд, бинобар ин, дигар дар дили ман барои ишқу ошиқӣ ҷой нест. Вақте ошиқ мешавам, бисёр рашкину эҳсосотӣ мешавам, аз ҳамин хотир, намехоҳам ҳам худам ва ҳам як нафари дигарро азият диҳам.

-Марде, ки мехоҳад ҳамқисмати шумо гардад, бояд чӣ гуна бошад: сарватманд, зебо, машҳур...?

-Муҳимтар аз ҳама марди зиндагиам бояд поктинат ва вофодор бошад ва кореро тавонад, ки ман аз ӯҳдаи иҷрои он намебароям. Як мисоли одӣ, марди ҳунарпеша барои ман ҳеҷ ҷолибият надорад, зеро худам аз уҳдаи ин кор мебароям.

-Аксари одамони машҳур мағруру ҳавобаланд мешаванд. Шумо ҳам назарбаландед?

-Шуҳрат имконият медиҳад, ки ба рафтори хеш аз берун назар кунӣ. Вақте ту шахсияти шинохта ҳастӣ, бояд ҳамеша мувозиби рафтору гуфторат бошӣ, зеро мудом дар зери назорати дигарон ҳасти. Шуҳрат ин масъулият аст.

-Ба Шумо нагуфтаанд, ки ба Анҷелина Ҷоли сахт монандед?

-Боре ҳамроҳи падарам ба мактаб рафта истода будам ва тасодуфан фиттаи филми Анҷелинаро дидему падарам гуфт, ки ту ба ин хонум монанд ҳастӣ. Аз ҳамон лаҳза ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ба ин зани машҳур монанд шавам. Ороиши мӯй ва қошамро ҳамеша ба Анҷелина Ҷоли монанд карда, ба мактаб мерафтам. Ба ҳама онҳое ки ин суолро ба ман медиҳанд, мегӯям, ки мо апаву хоҳарем, лекин ҳамхун ҳам набошем, апаву хоҳарони монандем. (Механдад)

амеша чунин зебо будед?

-Бале, тарҳи рӯйи ман ҳанӯз аз як ё дусолагиам зебову пуртароват буд. Дар мактаб яке духтарони зеботарин ба шумор мерафтам, аммо бояд иқрор шавам, ки барои ин хеле кӯшиш мекардам. Ороиши гуногуни қош ва мӯй кори заҳматталаб аст.

-Ҷарроҳии пластикӣ кардаед?

-Дандонҳоямро ҷарроҳӣ кардам ва манаҳам комилан тағйир ёфт.

-То кадом андоза ҳусни зебо дар касбатон ба шумо кумак кардааст?

-Бидуни шак зебогиам дар касбу корам ба ман ёрӣ мерасонад, аммо танҳо бо чашму абрувони зебо дар синамо муваффақ гаштану машҳур шудан номумкин аст. Бояд маҳорат дошта бошӣ ва кӯшиш кунӣ, ки нақшҳоят боварибахш, ҷаззоб ва хотирмон бароянд.

-Барои суҳбати ошкоро ташаккур. Саломат бошед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД