arzon replenishment
Биҳиштӣ ё дӯзахӣ будани инсонро аз гӯраш фаҳмидан мумкин аст?
27.01.2024
Махина
939


Чанде қабл дар як ҷаноза ширкат доштем. Хоки қабри майит серсанг буд. Яке аз иштирокдорони ҷаноза гуфт, ки “афсӯс, ки аз қабри майит санг зиёд баромадаас. Ин нишонаи ба дӯзах рафтани майит аст...” Ман ҳайрон шудам.

Оё ин ҳақиқати динӣ дорад?
Самандар, ш. Ҳисор.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ин суханон ягон асоси динӣ надоранд ва бофтаю сохтаанд? Аз рӯи намуди хок неку бади инсон ва биҳиштӣ ё дӯзахӣ буданашро фаҳмида намешавад. Бисёр инсонҳои неке буданд, ки дар об ғарқ шуданд ё дар оташ сӯхта рафтанд.

Нишонаи хубии мӯъмин дар имони қавӣ доштанаш ба Парвардигор ва некию накӯкориаш мебошад, на дар сангу қуму хок. Дигар ин, ки биҳиштӣ ё дӯзахӣ шудани инсон пас аз марг асрорест, ки фақат Худованд медонад. Бандаҳо дар қазовати ин оҷизанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД