Бизнес ва ҷомеа: табиат ва равоншиносии бизнес
31

«Бизнесе, ки танҳо ба пулкоркунӣ машғул аст - бизнеси бад аст».

Генри Форд

«Бизнес - ин оинаи ҷомеа аст. Агар мехоҳӣ бизнесро тағйир диҳӣ -
бо тағйири тафаккур ва арзишҳо оғоз намо».

Powerful Market

Бизнес - як низоми зинда аст.
Он бо ҷомеа ҳамкорӣ мекунад, фарҳанги истеъмолро шакл медиҳад, ҷойҳои корӣ эҷод менамояд ва ба сатҳи зиндагӣ таъсир мерасонад.
Бизнес - танҳо рақам ва стратегия нест. Он рафтори одамон, услуби зиндагӣ, арзишҳо ва ормонҳоро инъикос мекунад - ва баъзан ҳатто ташаккул медиҳад.

Дар асл, бизнес - ин:

  • манфиат ва нафъ;
  • ҳалли мушкилот;
  • рушд додани технология;
  • пеш бурдани ҷомеа аст.

Табиати бизнес: чаро он барои ҷомеа муҳим аст?

Бизнес - на танҳо воситаи пулёбӣ, балки муҳаррики пешрафт аст.
Он орзуро бо амал мепайвандад, талаботро бо пешниҳод, идеяро бо натиҷа.

Бизнес ҷойҳои корӣ месозад ва сатҳи зиндагиро боло мебарад.

Аксари касбу корҳои имрӯзаро маҳз соҳибкорон эҷод кардаанд.
Ҳар як бизнес - ин як даста аст:

программистҳо, дизайнерҳо, маркетологҳо, логистҳо, менеҷерҳо, фурӯшандаҳо, админҳо ва ҳатто фаррошҳо.

Факт:

  • Дар кишварҳои рушдёфта ~80% мардум дар бахши хусусӣ фаъоланд.
  • Дар ИМА — >90%.

Яъне аксарият аз устувории бизнес вобастаанд.

Бизнес мушкилоти воқеиро ҳал мекунад

Соҳибкор - он касест, ки дарди ҷомеаро мебинад ва роҳи ҳал пешниҳод мекунад.

Мисолҳо:

  • Дӯкон - ба маҳсулоти лозимӣ дастрасӣ медиҳад;
  • Технокомпания - зиндагиро осон мекунад;
  • Стартапҳои тиббӣ - саломатиро наҷот медиҳанд.

Tesla - бо муҳити зист мубориза мебарад.
Airbnb - сафарҳоро дигаргун мекунад.
SpaceX - кайҳонро ба бизнес наздик месозад.

Бизнес иқтисод ва инфрасохторро рушд медиҳад

Чӣ қадар соҳибкор зиёдтар - ҳамон қадар буҷет пуртар.
Яъне: роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, барномаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рақамӣ.

Фактҳо:

  • Аврупо ва ИМА: 60% ММД - аз бизнеси хурду миёна.
  • Чин: ~65%.
  • Тоҷикистон? - Шояд маҳз ту ин рақамро боло мебарӣ.

Бизнес илм ва технологияро пеш мебарад

Пештар ин корро танҳо донишгоҳҳо мекарданд. Ҳоло - стартапҳо.

Мисолҳо:

  • Uber - инқилоб дар таксӣ.
  • Zoom - кори фосилавиро осон кард.
  • SpaceX - кайҳонро дастрас намуд.

Бизнес таваккал мекунад. Санҷиш мекунад. Сармоягузорӣ мекунад - ва инсониятро ба ҷодаҳои нав мебарад.

Бизнес фарҳанг ва услуби зиндагиро ташаккул медиҳад

Брендҳо - на танҳо маҳсулот, онҳо ҳис, рамз ва маъноянд.
Онҳо ба рафтори мо таъсир мерасонанд, одатҳои нав меоранд.

Мисолҳо:

  • Apple - на танҳо смартфон, балки зебоӣ ва мақом.
  • Netflix - на танҳо кино, балки фарҳанги тамошо.
  • McDonalds - на танҳо ғизо, балки модели хизматрасонии сареъ.

Бизнес - ин оинаи ҷомеа аст. Ва баъзан - компаси он.

Ақидаи хотимавӣ

Бизнес - на танҳо барои онҳоест, ки мехоҳанд пул кор кунанд.
Он барои ҳар касе муҳим аст, ки мехоҳад дар ҷомеаи пешрафта, қулай ва устувор зиндагӣ кунад.

Шояд маҳз ту касе бошӣ, ки ҷомеаро бо идеяҳо, лоиҳаҳо ва тафаккури соҳибкорӣ беҳтар мекунад.

Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»

https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#

https://www.instagram.com/mba.tj?igsh=dmhjNzM4bWljOGw4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД