Ганҷалов Ҳоҷибек, соли таваллудаш 1996, ки ҳамчун блогер фаъолият менамояд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ дастгир карда шудааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, гарчанде номбурда қаблан низ барои содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ дастгир гардида, нисбаташ чораҳои таъсирбахши қонунӣ татбиқ шуда буданд, бо вуҷуди ин аз кирдорҳои ношоистаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр ва паҳн намудани наворҳои пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул мебошад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ганҷалов Ҳоҷибек бо моддаи 479-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардидааст.