arzon replenishment
Бо амри Президент ба оилаҳои аз заминларза зарардида замин ва кумакпулӣ дода мешавад
301

Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои дар минтақаи Рашт ва Тоҷикобод аз заминларза зарардида кумаки якдафъаинаи пулӣ расонида мешавад.

Дирӯз, 17-уми апрел зимни ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат Президенти кишвар ба комиссияи ҳукуматӣ супориш доданд, то рӯйхати тамоми оилаҳоеро, ки дар минтақаи Рашт ва Тоҷикобод бар асари заминларза зарар дидаанд, барои гирифтани кумакпулӣ пешниҳод намоянд. Сарфи назар аз мавҷуд будан ё набудани суғурта ба тамоми оилаҳои бар асари ин офати табиӣ зарардида кумакпулӣ дода мешавад.

Сарвари давлат ҳамчунин супориш додааст, то ба оилаҳое, ки бар асари заминларза хонаҳояшон вайрон шудаанд, барои сохтмони манзили нав дар минтақаҳои бехатар қитъаи замин ҷудо карда шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаи хонаҳои нави ба заминларза тобоварро пешниҳод созанд.

Ба ҳукумати маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки то 1-уми ноябри соли 2025 сохтмони хонаҳои навро барои зарардидагони офати табиӣ дар Рашт ва Тоҷикобод ба итмом расонида, мардумро бо манзили нави истиқоматӣ таъмин намоянд. Бо фармони Президенти мамлакат оилаҳое, ки бар асари заминларза хонаҳояшон вайрон шудаанд, ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва дигар маводи ниёзи аввал таъмин карда мешаванд.

Сарвари давлат ба шахсоне, ки дасти фарох доранд, маслиҳат додаанд, ки ба оилаҳои бар асари офати табиӣ зарардида кумак расонида, онҳоро дастгирӣ намоянд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта бар асари заминларза дар Рашт ва Тоҷикобод 65 хона ба пуррагӣ ва 340 манзили истиқоматӣ, беморхона, мактаб ва дигар иншооти ёрирасон қисман вайрон шуда, 16 нафар ҷароҳат бардоштанд ва як кӯдаки 3-сола ба ҳалокат расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД